Имрӯз дар дафтари марказии ширкати Tcell мулоқот ва маросими имзои Ёддошти тафоҳум байни Tcell ва КВД «Шаҳри ҳушманд” (Smart city) баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамкориҳои минбаъдаи ду ширкат татбиқи тарҳи «Душанбе-шаҳри ҳушманд» мебошад.
“Шаҳри ҳушманд” (Smart city)- ин ҳамгироӣ (баҳамоӣ)-и якчанд фанноварии иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои мудирияти моликияти шаҳр мебошад. Ҳадафи роҳандозии пружаи «шаҳри ҳушманд» содда кардани идоракунии равандҳои дохилии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ тавассути технология мебошад. «Шаҳри ҳушманд» бояд созгор бо муҳити зист, бехатару пурэнержӣ бошад, имкониятҳои васеъро фароҳам орад ва фаъолиятҳои осону бароҳатро таъмин намояд.
«Дар замони муосир рушди ҷомеъа ба таври мустақим ба роҳҳалҳои навоваронаи фанноварӣ бастагӣ дорад. Ширкати Tcell бо номи тиҷорӣ(бренд)-и худ, мавқеъ ва ваъдаи собит ба ҷомеа, ҳамеша барои воридсозӣ ва роҳандозии ҷадидтарин технологияву роҳҳалҳои навоварона ба Тоҷикистон талош меварзад. Пружаи “шаҳри ҳушманд” раванди пешрафтаи технология дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, татбиқи он зиндагии одамонро роҳаттар ва осонтару қулайтар месозад.Ширкати Tcell заминаи воқеии бунёди як шаҳри диҷитол (рақамӣ)-ро дорад. Хушнуд аз он ҳастем, ки дар татбиқу тавсеаи тарҳи “Душанбе-шаҳри ҳушманд” ширкат менамоем, то оянда онро ба корти муаррифии пойтахт табдил бидиҳем”, — иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.
Ибтикори мазкур барои рушди «шаҳри ҳушманд» вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» дарҷ ёфтаанд. Бо тавсеаи “шаҳри ҳушманд” ширкатҳо иқтисоди рақамии кишвар, ҳукумати электронӣ ва зерсохторҳои диҷитолии шаҳрро рушд хоҳанд дод.
Аснои музокироту баррасии масоили марбут, ҷонибҳо дар мавриди фаъолияти муштарак дар бахшҳое амсоли “нақлиёти ҳушманд”, “ҳифзу беҳдошти ҳушманд”, “омӯзишу парвариши ҳушманд”, “энергетикаи ҳушманд” ва “амнияти ҳушманд” ба тавофуқ расиданд. Ширкатҳо талоши муштаракро барои эҷоди маркази ягонаи додаҳо идома медиҳанд, рӯи лоиҳаҳои зистмуҳитӣ ва технологӣ кор мекунанд, ки дар ниҳоят ба пайдоиши сокини шаҳри ҷадиди рақамӣ (диҷитол) мусоидат хоҳад кард.