Ширкати Tcell аввалин ширкати телекоммуникатсионӣ дар Тоҷикистон гардид, ки бо “Сбербанк”-и Русия созишномаи ҳамкорӣ дар бахши рушди тиҷорати электронӣ имзо кард.
Маросими имзогузорӣ имрӯз дар идораи асосии Tcell Plaza баргузор гардид. Созишномаро директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев ва директори Департаменти хизматрасонии пардохти Маскав Олег Елисеев имзо кардаанд.
Лоиҳаи нахустини шарикӣ ин хизматрасонӣ дар бахши пур кардани ҳисоб (маблағгузаронӣ) ба рақамҳои Tcell аз қаламрави Федератсияи Русия бо истифодаи барномаи Sberbank Online аст, ки хизматрасонии мазкурро бидуни комиссия пешниҳод мекунанд.
Созишномаи шарикии ду ширкат барои рушд ва амалисозии хидматрасонии тиҷоратии электронӣ барои сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла берун аз он, дар назар аст.
“Ин қадами аввалин дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду ширкати азими Тоҷикистону Русия мебошад. Имрӯз, бо суръати хеле баланд, рақамисозии бисёр ниҳодҳои ҷомеа, бахусус муассисаҳои молиявӣ идома дорад. Пардохтҳои ғайринақдӣ маъмул мешаванд. Tcell дар Тоҷикистон хизматрасонии электронии молиявии худро пешкаш мекунад ва ҳамкорӣ бо бонки бузургтарин ва босуботи Русия боз ҳам имкониятҳои навро барои ҳамватанон фароҳам меорад ”, — гуфт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.