Имрӯз, 22 феврал, ширкати Tcell ва Федератсияи футболи Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамшарикиро, ки мутобиқи он яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилии кишвар – Tcell сарпарасти аслии Лигаи футболи Тоҷикистон гардид, ба имзо расониданд. 

Созишномаро Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов имзо карданд.

Бо имзои созишномаи ҳамшарикӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, ширкати Tcell ҳамоно стратегияи дастгирии тарҳҳои ҷавонон ва варзиширо дар чорчӯби масъулияти иҷтимоиаш дар соли 2019 идома хоҳад дод.

Ширкати Tcell сарпарасти асосии Лигаи футболи Тоҷикистон шуд. Имсол қаҳрамонии футбол миёни дастаҳои лигаи олии кишвар таҳти ҳимояти ЛФТ (Лигаи футболи Тоҷикистон) баргузор хоҳад шуд. Ҳашт тим аз шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ ва Рӯдакӣ барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ рақобат мекунанд. Пас аз ҷамъбасти чемпионати кишвар, дастаи ғолиб ҳаққи ширкат ва намояндагиро аз номи Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонии КФО-2020 (Конфедератсияи футболи Осиё)-ро дар қораи Осиё дарёфт менамояд.

Ҳамчунин, имсол бо дастгирии ширкати Tcell мусобиқаи футболи наврасони то 14-солаи Тоҷикистон баргузор мешавад. Қаҳрамонии футбол оид ба футболи кӯчагӣ «Футбол ба назди шумо меояд» дар соли 2019 чун анъана бо ҳимояти молии ширкати Tcell доир мегардад.

Дастгирии як чунин тарҳҳои варзишӣ ва ҷавонон барои ширкати Tcell аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст, маҳз ҳангоми наврасӣ ва ҷавонӣ миёни ҷавонон бояд тарзи ҳаёти солим ва рушди ояндаи онҳо ташвиқу тарғиб гардад.

«Мо ҳамчун бренди рушдёбанда дар бозори Тоҷикистон саҳми худро дар масири рушд ва пешрафти ҷомеъа гузорем. Бо дастгирӣ ва кӯмак ба тарҳҳои варзишӣ дар чунин сатҳи баланд ба одамон паёмеро мерасонем, ки ояндаи солимии миллат ва ҷомеъа маҳз аз тарзи ҳаёти солим ва рушди бонизоми ҷомеъа вобаста аст. Мо аз ҳамкории стратегӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтихор менамоем ва итминони комил дорем, ки дар якҷоягӣ футболи тоҷикро рушд медиҳем ва ба дараҷаи даркорӣ мерасонем”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Дар соли 2018 ширкати Tcell ҳамчунин лоиҳаи футболи кӯчагӣ миёни бачагонро «Tcell — Футбол ба назди шумо меояд»-ро дастгирӣ кард. Воқеан, ин сабқат хотирмон ва дар сатҳи олӣ баргузор шуд: дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон чунин мусобиқа (дар ҳама шаҳру вилоятҳо) сурат гирифт. Tcell ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба кӯдакони аз 6 то 12-солаи Тоҷикистон дар саросари кишвар имкон фароҳам оварданд, ки дар ин сабқатҳо ширкат намоянд. Беш аз 17 000 писару духтарон 14 072 мусобиқаи футбол дар Душанбе, НТМ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ баргузор карда, баъдан барои ширкат дар мусобиқаҳои дигар роҳхат гирифтанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here