Дирӯз дар дафтари марказии ширкати мухобиротии Tcell маросими имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Tcell ва «55 Group» баргузор гардид. Директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев ва бунёнгузори ширкати «55 Group» Дилшод Ҷӯраев самтҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду ширкатро баррасӣ карданд.
55 Group муддатҳо боз шарики Tcell буда, тарҳҳоеро дар заминаҳои навоварӣ дар бима (суғурта), варзиш, маориф ва соири дигар самтҳо татбиқ менамояд. Имзои санади мазкур- ёдошти ҳусни тафоҳум муносибатҳои мавҷудаи байни ширкатҳоро таҳким бахшида, ба рушди боз ҳам беҳтару хубтари тиҷорат дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дилшод Ҷӯраев, муассиси “55 Group” таъкид кард, ки ҳамкорӣ бо ширкати Tcell, пешсафи бозори телекоммуникатсияи Тоҷикистон, ба фаъолияти корхонаи онҳо, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии “55 Group” такони ҷиддӣ мебахшад.
«Мавқеъи “55 Group” ба мо хеле наздик аст: он як гурӯҳи ҷавон, ояндадор ва фаъоли кормандонест, ки дар кишвари мо тарҳҳои воқеан муҳиму заруриро татбиқ менамоянд. Ман мутмаин ҳастам, ки тавсеаи муштарак дар заминаҳои мухталифи фаъолият, аз қабили дастовардҳои ҳамҷояи моро тақвият бахшида, барои аҳдофи умумии ширкатҳо сабаб мешавад»,- гуфт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.