Оператори пешсаф ва навовари кишвар — ширкати Tcell тақдими туҳфаҳоро ба истиқболи 20-солагии ширкат ва арафаи Соли нав идома медиҳад!

Муштариёни корпоративии ширкат имконият доранд, ки смартфонҳои Samsung ва XIAOMI-ро ба таври бахшпардохт (давра ба давра) харида, бастаи трафики интернетро ҳамчун туҳфа ба даст оранд.

Номгӯи смартфонҳо ҳам моделҳои буҷетии Samsung Galaxy A10s, Redmi Note8, Redmi Note9 ва моделҳои беҳтарини Samsung Galaxy S20-ро низ дар бар мегирад. Смартфонҳоро вобаста ба модели онҳо ба таври пешпардохт ва ё бахшпардохт дар давоми аз 3 то 6 моҳ харидан мумкин аст.

Ва навиди аз ҳама беҳтаринаш ин аст, ки ҳар як муштарӣ, ки смартфон мехарад, вобаста ба модели телефонаш аз 5000 МБ то 20 000 МБ бастаи интернети ройгон хоҳад гирифт!

Бояд гуфт, ки имрӯз Tcell ҳиссаи бузурги бахши корпоративии бозори мухобироти Тоҷикистонро ишғол мекунад. Tcell вобаста ба талаботу эҳтиёҷоти ҳар як муштарӣ роҳҳали инфиродии тиҷоратиро пешниҳод менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here