Ширкати Tcell маъракаи вижаи “Маблағ бармегардад”-ро эълон менамояд. Tcell ба сурати комил пулеро, ки барои гирифтани шиносномаи намунаи нав сарф кардед, бармегардонад!

Чунин пешниҳод то ҳоло дар Тоҷикистон вуҷуд надошт. Ширкати Tcell маблағи заруриро дар ҳаҷми 120 сомонӣ, ки барои гирифтани шиносномаи намунаи нав (ID-корт) харҷ намудаед, мустақиман ба тавозуни мобилии Шумо бармегардонад!

Барои ин зарур аст, ки бо шиносномаи плостикӣ (ID-корт) ба яке аз марказҳои хизматрасонии муштариён биёед ва ба шабакаи Тcell ба нақшаи тарофавии «Даркор 59» ва аз он боло пайваст шавед.  выше. Маблағ ҳар моҳ мустақиман ба тавозуни телефони Шумо гузаронида мешавад. Имкони сарф кардани маблағ барои дилхоҳ намуди хизматрасонии алоқа вуҷуд дорад.

Шиносномаи намунаи нав (ID-корт) барои азнавбақайдгирӣ, иваз ва ё харидории SIM-корт даркор аст. Агар Шумо то имрӯз муштарии Tcell набудед, мушкил надорад, ҳоло ба яке аз марказҳои хизматрасонӣ бо шиносномаи нав биёед ва SIM-корт бигиред. Тавассути иқдоми “Пулҳо бармегарданд” бошад, тамоми маблағи барои гирифтани шиноснома сарф кардаи шумо ба тавозуни телефонатон бармегарданд!

Маъракаи «Маблағ бармегардад» аз 15 июл оғоз гардид.

Tcell бо татбиқи тарҳи мазкур дар навбати аввал ба ҷомеъае таваҷҷуҳу ғамхорӣ менамояд, ки дар он фаъолият дорад. Ҳадафи Tcell ба унвони як номи тиҷорӣ (бренд) , кӯмак ба беҳбуди ҷомеъа, нишон додани масъулияти иҷтимоӣ, пешниҳоди технологияи нав, хидматрасонии муносибу роҳҳалҳои навоварона барои истеъмолгарон дар Тоҷикистон мебошад.

 

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here