Tcell лоиҳаи бузурги “Интернет барои ҳама”-ро дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ба хотири зиёд кардани шумори истифодабарандагони Интернет ва фаҳмонидани афзалиятҳо аз истифодаи шабака дар тамоми соҳаҳо идома медиҳад. Баъди аксия дар Дарвоз, Ванҷ ва табобатгоҳи Гармчашма лоиҳаи “Интернет барои ҳама” сокинони Ҳисор, Роғун, Қумсангир ва Ҷомиро ҷамъ кард.

Яке аз хадамоти маъмултарин ва муфид аз Tcell барои сокинони минтақаҳо — нармафзори «Чӣ Гап» аст, ки имкон медиҳад истифодабарандагон бо наздиконашон дар хориҷи кишвар бо нархи арзон ҳамеша дар тамос бошанд. Ин нахустин нармафзори миллӣ барои муошират мебошад, ки барои осон шудани истифода аз он барои муштариён забони тоҷикӣ низ дорад. Мутахассисони ширкат барои хоҳишмандон ин нармафзорро насб мекунанд ва тарзи истифодаи онро мефаҳмонанд. Ҳамчунин мутахассисони ширкат дар ин маъракаҳо барои интихоби оптсияи интернетӣ дар қатори G+ вобаста ба талаботи истифодабаранда ё интихоби тарофаи мувофиқ мисоли “Осон” ва ё “Фасон”, ҳамчунин пайваст ва пур кардани тавозун ба ҷамъомадагон кӯмак мекунанд. Илова бар “Идораи мобилӣ” чорабинии “Интернет барои ҳама” ҳамчунин барномаи фарҳангиву мусиқӣ ҳам дорад, ки дар он сарояндаҳо ва раққосони шинохта ба минтақаҳо меоянд, ки барои сокинон хурсандиовар хоҳад шуд.

Имсол ба лоиҳаи “Интернет барои ҳама” гуруҳи “Ғарибшо” ҳамроҳ мешаванд, ки барои минтақаҳои алоҳида хандаву хурсандии зиёд хоҳанд овард: саҳнаҳои мазҳакавии онҳо ҷанбаҳоии мусбии технологияи замони моро ба намоиш мегузоранд. Ровиёни аксия конкурс ва викторинаҳо доир намуда, оид ба Интернет суолҳо медиҳанд. Ҳаммаи иштирокчиён ба қадри имкон ба аксия ҷалб мешаванд: одамон бо ваҷд дар бораи истифодаи интернет, нақши он дар ҳаёти ҳаррӯзаашон мегӯянд. Дар охири чорабинӣ ба таври анъанавӣ бурди туҳфаҳои арзишманд миёни иштирокчиён доир мегардад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here