Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳамасола 25-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзTcell ба таври анъанавӣ як ҷашни бузургро ташкил мекунад ва имсол низ истисно нест. Tcell ин рӯзро бо сокинони шаҳр ба таври фаромӯшнашаванда ва идона баргузор хоҳад кард.

Барои ширкати Tcell шаҳри Хуҷанд минтақаи хоса аст, зеро таърихи алоқаи мобилӣ дарТоҷикистон маҳз аз солҳои 2000 оғоз ёфт ва вақте ки дар ин ҷоTcell таъсис ёфт, дар тамоми кишвар аввалин оператори мобилӣ шуд.

Дар ин рӯз як консерти калон бо иштироки ситораҳои эстрадаи поп, намоишҳо, ярмаркаҳо бо иштироки ҳунармандон ва саноатчиёни минтақа ба нақша гирифта шудааст.

Соли гузашта дар ҷашни Рӯзи шаҳри Хуҷанд беш аз 30000 сокинони ин шаҳри штирок карданд, намоишҳои театрӣ ва барномаи рангини консертӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор шуд. Ва «марвориди асосии» шом намоиши ҳунарманди тоҷик Далер Назаров буд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ саҳифаҳои расмииTcell-ро дар дилхоҳ шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед!

Tcell бузургтарин ширкати телекоммуникатсионии Тоҷикистон мебошад, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи рушди иқтисодии Оғохон (AKFED) мебошад. AKFED оҷонси байналмилалии рушд мебошад, ки ба пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор нигаронида шудааст. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN – шабакаи оҷонсиҳои хусусии рушд мебошад, ки ҳадафи он беҳтар кардани имконот ва шароити зиндагии мардуми кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Агентиҳои AKDN баҳри манфиати тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва мазҳабашон кор мекунанд. Ташкилоти Оғохон оид ба рушд AKDN ба саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, аз ҷиҳати сиёсӣ устувор, зеҳнии гуногун ва фарҳангии таҳаммулпазир мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here