Ширкати Tcell лоиҳаи омӯзишии худро барои донишҷӯёни макотибии олии Тоҷикистон таҳти унвони «Мусоҳибаҳо барои пазируфтан ба кор»-ро идома медиҳад.

Ҳамин тавр, барои донишҷӯёни Донишгавлаҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон семинари «Мусоҳиба барои шуғл» баргузор гардид. Кормандони ширкат, ки таҷрибаи зиёди корро доранд, ба донишҷӯён дар бораи чӣ тавр пазируфта шудан ба кор ва тарзи дурусти ирсоли санадҳоро пас аз хатми донишгоҳ нақл карданд.

Донишҷӯён тарзи омода кардани корнома (CV)-ро омӯхта, аз мутахассисон маслиҳатҳои муфид гирифтанд. Ба онҳо тавсия дода шуд, ки ҳангоми пур кардани сутуни “таҷрибаи кор” агар таҷриба надошта бошанд, чӣ бинависанд. Воқеан, дар бештари ҳолат, мушкилоти асосӣ барои донишҷӯён ҳангоми ба кор қабул шудан, надоштани таҷрибаи махсуси амалӣ мебошад.

Кормандони Tcell инчунин дар бораи нақши алоқаи баландсифат дар раванди таҳсилу илмомӯзӣ ибрози назар карданд: имрӯз тавассути истифодаи имкониятҳои бемаҳдуди шабакаи Интернет дар реҷаи онлайн илм омӯхтан мумкин аст. Зимнан, ба ҳама иштирокчиёни ҳамоиш барои пайваст шудан ба тарофаи “Сӯҳбати Шаҳрӣ” аз Тсell бо иртиботи бемаҳдуди шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва трафики иловагӣ ба дигар манобеъ тақдим гардид.

Ширкати Tcell ҳамасола коромӯзон, донишҷӯёни курсҳои болоӣ ва ризокоронро барои таҷрибаомӯзӣ дар ширкати пешрафтаи телекомуникатсионӣ қабул менамояд.

Силсилаи ҳамоишҳои “Мусоҳиба барои истихдом” бахше аз стратегияи омӯзишии ширкат маҳсуб ёфта, тавассути ин гуна тарҳҳо Tcell ба таҳсилоти ҳамаҷониба ва босифати замонавии ҷавонон таваҷҷуҳ карда, савияи донишу маҳорати онҳоро баланд мебардорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here