Startup Weekend ин ҳаракати ҷаҳонии соҳибкорони фаъол ва шавқманд буда, ҳамасола дар бисёре аз кишварҳои дунё баргузор мешавад. Ҳадафи ин чорабинӣ муҳайё сохтани як майдони баҳс ва омӯзиши таҷриба буда, дар он ҷавонони ҳушманд дар бахшу соҳоти мухталиф тарҳҳои вижа, барномаҳои “старт-ап”-и худро муаррифӣ карда, аз соҳибкорони ҳирфаӣ кӯмакӣ техникӣ ва ё ғайритехникӣ мегиранд, баъдан бар пояи ин кӯмакҳо идеяву тарҳояшонро ба маҳсулоти ҳаётӣ ва воқеъӣ табдил медиҳанд.
Ширкати Tcell тибқи анъана шарик (ҳамкор)-и Startup Weekend буда, шароити заруриро барои иштирокчиён ва баррасии лоиҳаҳо фароҳам меорад. «Tcell, ҳамчун ширкати иҷтимоӣ ва ба унвони яке аз бахшҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKFED), ҳамеша аз чунини иқдомҳои навҷӯёна, хосатан дар қисмат IT –стартап дастгирӣ мекард ва дар оянда низ дастгирӣ хоҳад кард. Зеро чунин оғозкориҳо мушкилоти иҷтимоиро бартараф карда, зиндагии одамонро беҳтару хубтар менамоянд. Ҳамчунин, барои мо дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани одамоне, ки барои беҳбудии муҳити иқтисодии Тоҷикистон тавассути роҳандозии фанноварии ҷадид кӯшиш менамоянд, аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.
Startup Weekend Womеn Tajikistan 2018, ки чанде қабл дар Душанбе баргузор шуд, махсус ба масоили марбути соҳибкории бонувон иртибот дошт: дар шароити феълӣ ин мавзӯъ афзалияти бештареро ба худ касб мекунад, зеро дар ин авохир духтарони зиёде мавқеъи фаъоли ҳаётиро интихоб менамоянд. Омор низ бозгӯкунандаи ин аст: барои ширкат дар Weekend беш аз 100 дархост аз ҷониби бонувон пешниҳод гардида буд. Ҳамин тавр, дар даври ниҳоӣ 70 нафар аз ҷумлаи онҳо, ки синну соли мухталиф дошта аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои хориҷӣ (Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон) буданд, ширкат карданд.
Бонувон ба старт-ап барнома ва ғояҳои зиёди шавқовари иноватсиониро оварданд, ки татбиқи онҳо дар иқтисоду истеҳсолот боиси муҳайё гардидани даҳҳо ҷои кор барои духтарону занон хоҳад шуд. Гуфтанист, аксари ин идея (барнома ва старт-ап)-ҳои пешниҳодшуда дар бахши технологияи иттилоотӣ (ИТ) буданд.
Тӯли се рӯз иштирокдорони Weekend ба баҳсу баррасии идеяҳо ва такмили стартапҳо машғул гардида, аз соҳибкорони муваффақу таҷрибадори кишвар дарси вижа гирифтанд. Зимни ҳамоиш соҳибкорони навроҳ ҳамандешони худро пайдо ва бо онҳо идеяаашонро такмил карданд, дар интиҳо беҳтаринҳои барнома аз ҷониби сарпарастон қадрдонӣ ва бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Дар ин стартап-барнома ашхоси муваффақ дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ- Шералӣ Ҷӯрабоев, Заррина Бобоева, Мунира Исамова, Парвина Исҳоқӣ, Фирӯза Мирзоева, Лайло Тағоева ва Езил Агаоғлу барои иштирокчиён машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ баргузор карданд.
Startup Weekend Women Tajikistan 2018 аллакай 5-умин чорабинӣ дар ин сатҳ аст, ки барои бори севвум аз тарафи Асотсатияи иноватсионӣ ва соҳибкории технологӣ (АИСТ) ва бо ҳамшарикии ширкати Tcell, Палатаи тиҷорати Амрико дар Тоҷикистон (AmCham), СҒД «Илмхона», САҲА, Mercy Corps ва дастгирии ширкатҳои ҷаҳонии Google for Entrepreneurs-у TechStars ва Eventbrite доир гардид.