Оператори пештози навовари кишвар — ширкати Tcell дар ноҳияи Панҷ як маркази нави хизматрасонии муштариёнро боз кард.

Дар ин минтақа Tcell пешсаф буда, ҳамвора кӯшиш менамояд, ки барои муштариёни худ боз ҳам наздиктар бошад ва сервиси оливу осонро ба роҳ монад. Имрӯз муштариёни ширкат дар ноҳияи Панҷ беш аз 30 ҳазор нафаранд.

Дафтари нав дар ин ҷо низоми хизматрасонии муштариёни ширкатро беҳтар хоҳад кард. Дар марказҳои хизматрасонӣ мушовироне фаъолият доранд, ки дар ширкат ба муддати тӯлонӣ таҷриба андӯхтаанд. Онҳо бо хурсандӣ ба шумо дар интихоби тарофа ё хизматрасоние, ки ба ҳар як муштарӣ мувофиқ аст, кумак расонида, дар ҳама масоили марбути иртибот маслиҳат медиҳанд, SIM — корти навро бо рақами дилхоҳ фаъол месозанд.

Бар пояи дурнамо (стратегия)-и рушди Tcell, ниёз ва талаботҳои ҳар як муштарӣ афзалият доранд. Аз ин рӯ, ширкат шабакаҳои хидматрасонии муштариёнро мунтазам густариш медиҳад.

Имрӯз марказҳои наву технологии Tcell дар тамоми шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, ба муштариён хизматҳои баландро пешниҳод мекунанд ва барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд.

Tcell — бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here