Озмуни «Бонуи соҳибкори сол — ҷоизаи «Фараҳ-2018» дар Тоҷикистон барои бори чаҳорум доир гардид. Аз соли 2012 ба ин сӯ, Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБСТ) беҳтарин бонувони тоҷиру ҳунармандро аз тамоми гӯшаву канори кишвар пайдо ва қадрдонӣ менамояд. Тибқи анъана, ширкати Tcell аснои баргузории чорабинӣ ва маросими тӯҳфасупорӣ АМБСТ-ро дастгирӣ мекунад.

«Дар ҳоли ҳозир ислоҳоти муносибатҳои иҷтимоӣ идома дошта, нақши бонувон дар ҷомеъа ба куллӣ тағйир хоҳад ёфт. Бонувон бештару пештар фаъол мешаванд, онҳо ба идоракунӣ, роҳбарӣ дар зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷалб гардида, ба кишвари худ, рушду пешрафти иқтисоду тиҷорат кӯмак мерасонанд. Ҷоизаи “Фараҳ”-и  Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон як чунин майдони заруриро барои муаррифӣ ва шинохти занони муваффақ муҳайё месозад. Тавассути ин тарҳ, тоҷирони навроҳ аз таҷрибаи бонувони муваффақ сабақ мегиранд ва бо таърихи дастоварду комёбиҳои занони қавииродаву фаъол ошно мешаванд. Ҳадафи аслии дастгирии ҷоизаи “Фараҳ” аз ҷониби ширкати Tcell – ин рӯҳбаланд кардани бонувон ва ба онҳо муҳайё намудани дарки имконият ва зарфияти инфиродиашонмебошад. Намунаҳое аз кору ҳаёти занони муваффақ ба дигар бонувон имкон медиҳад, ки ба худ эътимод пайдо кунанд ва ин боиси дар амал татбиқ кардани орзуву омолашон мегардад”,- иброз дошт Озодхон Давлатшоев,  директори генералии ширкати Тсеll.

Озмун моҳи марти соли равон оғоз гардида, ба он 403 дархост ҷиҳати иштирок ворид шуд. Ба даври аввали он 93 нафар роҳхат гирифта, ҳайати коршиносон куллияи ҷанбаҳои фаъолияти корӣ ва тиҷоратии ҳар як довталабро таҳқиқу омӯзиш кард: бо онҳо мусоҳибаҳо сурат гирифта, тарзи кору фаъолияти онҳоро дар корхонаҳояшон дар кунҷу канори кишвар санҷиданд, бо тиҷорати онҳо ошно шуданд. Ҳамин тавр, 34 нафар ба озмуни ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар бораи ҳар як довталаб филми мустанад таҳия шуд, ҳар кадоме аз онҳо таҷрибаи вижаи тиҷорат ва дастёбӣ ба комёбиҳоро доранд.

Дар соли 2018 инҳо беҳтаринҳо дар бахши тиҷорати марбут ба соҳоти худ эълон шуданд:

         Бахши тавлидот (истеҳсолот) — Мамадкаримова Лутфия, шаҳри Хоруғ, ВМКБ

         Бахши кишоварзӣ — Тиллоева Зулайхо, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон

         Бахши хизматрасонӣ ва ғизорасонӣ — Маҳмудова Раъно, шаҳри Исфара, вилояти Суғд

         Ҳунарҳои мардумӣ — Ашӯрматова Каромат, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд

         Бахши тиб ва омӯзиш — Гадойбоева Умеда, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд

         Барномаи аввалияи тиҷорат (Старт ап) — Ҷумъаева Мавҷуда, ноҳияи Шаҳритус, вилояти Хатлон

Зимнан, Зулайхо Тиллоева, сарвари хоҷагии деҳқонии “Зулайхо-2015” барандаи ҷоизаи асосӣ-гран-прии озмуни “Фараҳ-2018” дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ гардид.

Tcell ба ғолибони озмуни мазкур таҷҳизоти васлшавӣ ба интернет- модем бо бастаи ройгони интернети бемаҳдуд ҳадя кард, зеро дар замони муосир бе иртиботи боэътимод ба роҳ мондани тиҷорат ва амалӣ кардани барномаҳои вижа ғайриимкон аст. 

Мақсади асосии озмун- ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба рушди тиҷорати бонувони соҳибкор ва мушкилоти занон, дарёфти бонувони кордону корофар, паҳн кардани таҷрибаи занони муваффақ дар кишвар мебошад. 

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол — ҷоизаи «Фараҳ-2018» аз ҷониби Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБСТ) бо дастгирии USAID, Ҳукумати кишвар ва ширкатҳои ватаниву созмонҳои байналмилалӣ доир мегардад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here