Аллакай то имрӯз ҳашт даври чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ таҳти сарпарастии бузургтарин ширкати мухобиротии кишвар — Тcell баргузор гардидааст. 8 дастаи иштирокчӣ дар сабқати мазкур 32 бозӣ гузаронида, 133 400 мухлис бевосита ин бозиҳоро дар майдон ва бар пояи омори пешниҳодсохтаи шабакаҳои “Варзиш” ва “Футбол”  32 миллион нафар онҳоро тавассути телевизион тамошо карданд.   

Барои ширкати Tcell дастгирии чорабиниҳои варзишӣ дар стратегияи масъулияти иҷтимоӣ ҷойгоҳи вижаеро ишғол менамояд. Ширкати Тсеll бо тарғибу ташвиқи тарзи ҳёти солим, дастгирии мусобиқаҳои варзишӣ саҳми худро дар тақвияти саломатӣ ва устувории миллат мегузорад.

«Сарпарасти аслии футболи лигаи олии мамлакат гардида, мо дида истодаем, ки футбол дар Тоҷикистон чӣ тавр рушд меёбад, чӣ гуна мардум ин бозиро дӯст медоранд, он ҳаводори зиёд дорад ва дар ин навъи варзиш чӣ қадар маблағгузорӣ ва хзахираҳои моддӣ сарф мешавад. Мо ҳамчун бренди устувор ва мӯътадили бозори иқтисоди Тоҷикистон сабқатҳои варзишӣ, аз ҷумла чунин мусобиқаҳои сатҳи олиро дастгирӣ карда, ба одамон, махсусан ба ҷавонон аҳамият ва муҳимияти тарзи ҳаёти солимро расонида, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ташвиқ менамоем”,- мегӯяд Раиси кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев – «Миёни ҳамкорони мо низ мухлисони зиёде ҳастанд, мо қариб аз ҳамаи дастаҳо пуштибонӣ мекунем ва ба ҳамаи онҳо барору пирӯзӣ мехоҳем!”

Чемпионати Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ, ки бо дастгирии ширкати Тсеll ҷараён дорад, аз бузургтарин чорабиниҳои варзишии кишвар дар соли 2019 маҳсуб меёбад.Дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 28-ум доир мегардад, ҳашт даста ширкат меварзад. Инҳо дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), ССКА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), инчунин «Истаравшан» (Истаравшан) мебошад. Мусобиқоти мамлакат дар се давр бургузор гардида, ҳар як даста 21 вохӯрӣ мегузаронад.

Пас аз ҳашт даври бозиҳо дастаи “Истиқлол” дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дошта, бо 22 имтиёз пешсаф аст. Дар бозии марказии даври ҳаштуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар тими “Истиқлол” дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, мавқеъашро дар ҷадвал устувор кард. Бошгоҳи “Кӯктош” бо 14 хол ва дастаи “Регар-ТадАЗ” бо касби 12 имтиёз мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол менамоянд.

Тибқи натиҷаи бозиҳои моҳи апрел беҳтарин мураббии футболи Тоҷикистон муайян гардид. Бар пояи он,  Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими “Истиқлол” – беҳтарин мураббӣ ва Нозим Бобоҷонов, нимҳимоягари дастаи “Регар-ТадАЗ” – беҳтарин бозигар эътироф гардиданд.

Даври нӯҳуми Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 15 ва 16-уми июн сурат пазируфта, дастаҳои «Истиқлол» – ССКА «Помир», «Хуҷанд» – «Панҷшер», «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» – «Кӯктош» байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Tcell мухлисону ҳаводорони футболро ба тамошои бозиҳо даъват карда, ба ҳамаи дастаҳо пирӯзӣ ва дастовард таманно менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here