Ширкати Tcell дар тамоми қаламравиТоҷикистон ба хизматрасонӣ ба мизоҷони худ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, барои рушди шабакаи чаканаи хизматрасонӣ сармоягузорӣ мекунад.
Дар моҳи сентябр, дар доираи лоиҳаи «Ба мизоҷ наздиктар шавед» роҳбарони пешсафи ширкат барои гирифтани фикру мулоҳизаҳо аз муштариён ба фаъолият пардохтанд.
Ҳамарӯза зиёда аз 300 маркази хизматрасонии ширкати Tcell дар саросариҶумҳурииТоҷикистон ба сокинони шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳои дурдаст хизмат мерасонанд. Дар дафтарҳои ширкат муштариён метавонанд интернети мобилии худро пайваст намуда, аз хизматрасониҳои ширкат васеъ истифода намоянд.
— Хизматрасонии хуб асоси муназзами интизориҳо мебошад. Ҳамарӯза зиёда аз 300 корманди марказҳои хизматрасонӣ бо мизоҷон машғуланд. Мо дарк мекунем, ки пешниҳоди хизматрасонии босифат- ин вазифаи мо- операторони мобилӣ мебошад. Дар навбати аввал, Tcell-пайвастшавии ҳаётаст»,- зикр мекунанд намояндагони ширкати Tcell.
Tcell бузургтарин ширкати телекоммуникатсионии Тоҷикистон мебошад, ки саҳмдори ягонаион Хазинаи рушди иқтисодии Оғохон (AKFED) мебошад. AKFED оҷонси байналмилалии рушд мебошад, ки ба пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор нигаронида шудааст. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN – шабакаиоҷонсиҳои хусусии рушд мебошад, ки ҳадафион беҳтар кардани имконот ва шароити зиндагии мардуми кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Агентиҳои AKDN баҳри манфиати тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва мазҳабашон кор мекунанд. Ташкилоти Оғохон оид ба рушд AKDN ба саҳмгузорӣ дар рушдиТоҷикистони аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, аз ҷиҳати сиёсӣ устувор, зеҳнии гуногун ва фарҳангии таҳаммулпазир мебошад.