Tcell Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бо иқдом ва консерту ҷамъомадҳои гуногун дар ҳама гӯшаву канори мамлакат бо беш аз 1000 нафар тарбиягирандаи хонаи бачагон, мактабу боғчаҳо хотирмон таҷлил кард.

Дар доираи масъулияти иҷтимоии худ, ширкати Tcell ба қишри камбизоати Тоҷикистон дасти кӯмак ва хайрхоҳӣ дароз мекунад. Кормандони Tcell ба парваришгоҳу интернатҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва мактабҳо рафта, тарбиягирандагони ин ҷойҳоро бо тӯҳфаҳои идона хурсанд карданд.

Дар ноҳияи Вахш Tcell ба хонаводаи Назировҳо, ки 12 сол боз кӯдакони шунавоиашон суст ва гунҳоро дарс медиҳанд, рафт. Дар ин ҷо зану шавҳар ба шогирдони худ бо забони имову ишора ҳарф задан, табиати атрофро шинохтан ва дарки маъниҳоро меомӯзонанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин оила 25 кӯдак зиндагӣ карда, тарбияву таълим мегиранд. Tcell ба ҳар кадоме аз хонандагони ин ҷо тӯҳфаҳои вижа ва хотирмон тақдим кард.

Дар шаҳри Бохтар намоиши саҳначаи ҳаҷвии театри Лӯхтак “Афсона” баргузор гардида, Тcell беш аз 100 кӯдаки имконияташон маҳдудро ба тамошои он овард. Онҳо аз таҳти дил шодиву хурсандӣ карда, пас аз анҷоми намоишнома аз шириниҳои тӯҳфашуда нӯши ҷон карданд.

Ҳамчунин, дар Бохтар тарбиягирандагони мактаб-интернати махсуси рақами 5 аз Тсell ҷиҳози мактабӣ, аз қабили ҷузвдон, молҳои канселярӣ ва либоси мактабӣ гирифтанд.

Дар Хуҷанд бошад дари боғи фароғатӣ-фарҳангии маҳалали 18-ум барои кӯдакони имконияташон маҳдуд боз гардида, бо пуштибонии молии Тсеll беш аз 150 тифл дар арғунчаку атраксион ва майдонҳои ин боғ бозӣ карданд.

Ҷашнвораи бузурги бачагона, ки бо мусоидати Tcell дар Хоруғ, дар боғи марказии вилоят доир шуд, то дер гоҳ аз хотири бачаҳо зудуда нахоҳад шуд. Ид як рӯзи дароз давом кард ва ворид гардидан ба боғ на фақат барои атфол, балки барои ҳамаи хоҳишмандон комилан ройгон буд.  Дар ҳавои фораму тозаи боғ кӯдакон хушнудӣ карда, ба бозиҳои гуногун машғул шудан. Ба ғайр аз ин, дар боғ озмуни рассомони хурдсол баргузор гардида, ҳамаи кӯдакон асарҳои худро пешниҳод намуданд. Аснои ҷоизагирӣ қариб касе бе насиб намонд!

Дар Рӯзи кӯдакон Tcell чорабиниҳои омӯзишии бачагонаро низ дастгирӣ кард: пуштибонии барномаҳои омӯзишии насли наврас дар стратегияи иҷтимоии ширкат аҳамияти вижаи худро дорад.

Дар Хоруғ Олимпиадаи риёзии зеҳнӣ дар назди ДОМ (Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) бо дастгирии Tcell ҷараён гирифта, иштирокчиёни хурдсол қабл аз сафар ба Бишкек барои ширкат дар Олимпиадаи панҷуми Байналмилалии риёзӣ бори дигар дониши худро ба таври амалӣ санҷиданд.

Дар Душанбе ширкати Tcell ғолибони озмуни рассомони хурдсолро, ки ба «Рӯзи ҳимояи кӯдакон» бахшида шуда, он дар якҷоягӣ бо Федератсияи Клубҳои миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва Академияи “Империяи Дониш” баргузор гардида буд, қадрдонӣ кард.

Ҳамчунин, дар Душанбе ширкати Tcell аз баргузории як мусобиқаи кӯдаконаи варзишӣ оид ба шоҳмот пуштибонӣ кард. Барои иштирок дар ин сабқат беш аз 200 дӯстдори ин навъи варзиш, ки синнашон аз 5 то 12-сола буданд, ҷамъ омаданд. Дар охир ғолибон бо медолу ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд!

Tcell ҳамчун ширкати масъулияти иҷтимоидошта ҳамеша чоарбиниҳои хайрия ва тарҳҳои омӯзишӣ доир месозад. Бо ироаи кӯмак ба қишри ниёзманд ва дастнигар, ширкати Тcell саҳми худро дар пешрафти ҷомеъа, ки дар он фаъолият менамояд, мегузорад. Ҳамқадами замон будан, бо марому василаи вақт ҳампо будан ва пештози татбиқи фанноварии ҷадид дар кишвар будан барои ширкати Tcell аз роҳбурҳои усулии фаъолият маҳсуб мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here