Ширкати Tcell ҳамасола таҷрибаомӯзону ихтиёриёнро аз миёни ҷавонон барои гузаштани давраҳои омӯзишӣ ва дарёфти таҷрибаи кории ширкатҳои пешқадам қабул мекунад.

Бо ташвиқ кардани ҷавонон — донишҷӯён ва хатмкунандагон ба таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаи истеҳсолот, Tcell ба онҳо имконият медиҳанд, ки дониш ва малакаи амалиро ба даст оранд ва дар фаъолияти ширкат дар қатори дигар кормандон иштирок намоянд. Баъди гузаштани амалия, баъзе аз коргарон тиҷорати худро месозанду онро идора мекунанд, баъзеҳо дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, баъзеҳо дар ширкат кор мекунанд.

Шаҳноза Қурбоншоева, ки ҳоло дар ширкат ҳамчун ихтиёрӣ кор мекунад, имкон пайдо кард, то лоиҳаи худро, ки барои рушди бренд равона шудааст, пеш барад. Ӯ мегӯяд: «Барои ман ҳоло кор дар Tcell на танҳо василаи дарёфти таҷриба, балки ҳавасмандии доимӣ ва кӯшиши ҳамрӯза рушд кардан дар соҳаи фаъолияти худ аст. Ба назари ман Tcell беҳтарин ҷой барои кушодани имконот барои муттахассисони навкор аст ”.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи инноватсионӣ ва технологии Tcell барои се моҳи тобистон — DigitalCamp анҷом ёфт, ки дар тақрибан 50 ҷавони ҳунарманд бо идеяҳои худ иштирок карданд.

Мутахассисони ширкат аксар вақт ҳамчун суханварон ва роҳнамоён дар тренингҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои гуногуни таълимӣ амал мекунанд, таҷрибаи худро мубодила мекунанд ва ба соҳибкорони ҷавон, донишҷӯён ва фаъолони донишкада донишҳои нав медиҳанд.

Ҳамин тариқ, дар StartupWeekendTajikistan, ки ба қарибӣ баргузор гашт, Озодхон Давлатшоев, мушовири директори генералии ширкат баромад кард. Ӯ ба иштирокчиёни “сирри тиҷорӣ”-ро аз таҷрибаи худ барои анҷоми беҳтару хубтари ғояҳояшон мубодила кард.

Намояндагони ширкат мунтаззам экскурсияҳои таълимиро дар ширкат мегузаронанд. Дар шӯъбаи вилояти Суғд барои донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Хуҷанд, ки дар он донишҷӯён — муҳандисони оянда таҳсил мекунанд, дар ширкат курсҳои омӯзишӣ доир мешавад, ки эшон аз ҷараёни кори ширкат огоҳ мегарданд.

Хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе дар бинои мараказии ба кори он ошно мешаванд. Онҳоро намояндагони ҳамаи шӯъбаҳо пешвоз мегиранд ва дар бораи кори ҳаррӯзаи худ сӯҳбат мекунанд.

Дар охири экскурсия, мактабачаҳо дар “дарс”-ҳои интерактивӣ ширкат карда дар бораи бехатарии Интернет, роҳи дуруст, муфид ва бехатар истифода бурдани шабака, қоидаҳои рафтор дар Интернет ва аз чӣ канора гирифтанро мефахманд. Чунин саёҳатҳоро алакай 130 донишҷӯ дар Хуҷанд ва 180 хонанда дар шаҳри Душанбе гузаштанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here