Ширкати Tcell барои онҳое, ки сафар карданро дӯст медоранду зиндагии худро бе иртибот бо наздикону пайвандон тасаввур карда наметавонанд, маъракаи роумингии  “Ҷомадони бунафшранг”-ро эълон кард.

30 ҷомадони зебои ранги бунафш “ҳамсафарон”- соҳибони баъдии худро интизоранд. Ҷоизаи асосии иқдом роҳхати сайёҳат ба яке аз кишварҳои зебову афсонавӣ хоҳад буд.

Ширкати Тсеll ба шумо имконияти бурди ҷомадони зеборо, ки ранги бунафш дорад, фароҳам меорад. Аз хизматрасонии “Реалний” (Ҳақиқӣ) ва ё “Легкий” (Сабук) дар роуминг истифода бурда, дар як моҳ 100 сомонӣ сарф намоед ва иштирокчии бурд шавед!

Шурӯъ аз моҳи июн, ҳар моҳ, на дертар аз санаи 15-ум, панҷ ғолиби бурд тариқи генератори рақамҳои тасодуфӣ интихобу муайян карда мешаванд.

Дар охири сол ғолибонро имконияти бурди роҳхати сайёҳӣ ба яке аз кишварҳои дӯстдоштаи ҷаҳонгардон интизор аст.

Иқдом, тарзи гузаронидани он, рӯйхати ғолибон ва дигар навгониҳои марбут ба аксияи роумингиро тавассути сомонаи расмии ширкат  https://www.tcell.tj/ ва  саҳфаҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ карда метавонед.

Ҳар дафъа, ки мо ҳар кадоме аз мо ба сафар мебароем, албатта дар хориҷ аз кишвар барои мо доштани алоқаи боэътимод, ки иртиботи доимиро бо хонаводаву пайвандон таъмин карда тавонад, зарур аст. Чанде қабл ширкати Tcell арзиши зангҳоро дар роуминг барои чанд кишвари ҳамсоя ва дур — Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Афғонистон ва Туркия коҳиш дод. Ҳамакнун, нархи  1 Мб Интернет дар роуминг ба кишварҳои мазкур ҳамагӣ 50 дирамро ташкил медиҳад. Бо роумингҳои “Ҳақиқӣ” (Реалний) ва “Сабук” (Легкий) аз Тсеll ҳамеша дар иртибот бошед, эҳсосоту бардошти худро бо дигарон тақсим намоед, аз фаъолияти корӣ қафо намонед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here