Оператори навовару пешсафи кишварширкати Tcell ва Dushanbe City ба муштариён пешниҳоди воқеӣ ва олӣ карданд: пардохти муштариро барои тарофа анҷом дода, 50% аз арзиши хизматрасониро дар корти кобрендингии Tcell ва Dushanbe City, ки ҳамчун тӯҳфа ба Шумо дода мешавад, бозпас мегиред.

Ҳангоми хариди SIM-корт ва пайваст кардани тарофаҳои нақшавии Tcell «Даркор 30», «Алло 30» ва аз он болотар ба муштарӣ корти Dushanbe City ройгон пешниҳод гардида, ҳамчунин 50% аз арзиши пардохти муштарӣ ба гунаи пулҳои маҷозӣ (холҳо) ба корт интиқол меёбанд.

То 50% аз ин хол(имтиёз)-ҳоро метавонед тавассути тавозуни муштарӣ ва ё ҳамёни Dushanbe City барои пайваст кардани хизматрасонӣ ва опсияҳои нави  Tcell истифода баред! Истифодаи холҳо аз лаҳзаи ба корти кобрендигии Tcell ва Dushanbe City гузаштани онҳо то 3 моҳи баъд мумкин аст.

Кортҳои кобрендингии Tcell ва  Dushanbe City барои соҳибонашон имкониятҳои қулай ва ҷолибро фароҳам меоранд. Яке аз бартариятҳои асосии ин корт имконияти интиқол (ирсол) ва гирифтани маблағ аз Федератсияи Русия мебошад!

Тариқи ин корт дар ҳама фурӯшгоҳҳо бе фоиз харид кардан, интиқоли пул ба кортҳои «Корти Миллӣ»-и ҳама бонкҳо, инчунин пардохти 170 намуди хизматрасонӣ, аз ҷумла пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ имконпазир аст.

Имконияти пайваст шудан ба оилаи бузурги Tcell ва гирифтани пешниҳоди муфид, тахфифу кешбэкро аз даст надиҳед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here