6-уми январ Конгресси Амрико, ки барои тасдиқи натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи ноябр баргузор мешуд, баъди вуруди издиҳоми хашмгини тарафдорони Доналд Трамп ба бинои Конгресс, ба беназмӣ табдил ёфт.

Ҷонибдорони Трамп дар назди бинои Конгресс ҷамъ омада буданд, ба зӯр ба самти бино ҳаракат карда, маъмурони полисро ақиб заданд ва вориди бино шуданд.

Дар ин ҷаласа бояд натиҷаҳои интихобот тасдиқ мешуданд, то расмиёти ниҳоӣ барои ҳамвор кардани роҳи Ҷо Байден президанти интихобшуда барои адои савганд дар рӯзи 20-уми январ иҷро мешуд. Аммо расмиёти соддаи шумориши ҳайатҳои интихоботии ҳар иёлат ба баҳси асабоникунандае табдил ёфт, чун гуруҳе аз вакилон ба тасдиқи орои ҳайатҳои интихоботӣ аз баъзе иёлатҳои мухолифат карданд.

Дар берун аз бинои Капитол издиҳоми тарафдори Трамп бо маъмурони полис бархӯрд карданд ба дохили бино роҳ ёфтанд ва сабаби мутаввақиф шудани ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ва Сенат шуданд.

Аъзои Конгресро аз бино берун бурданд ва полис ба онҳо гуфт, ниқобҳои зидди гази ашковар бипӯшанд, чун барои пароканда кардани издиҳом аз ин васила истифода шуд. Муовини президенти Амрико Майк Пенсро, ки ҷаласаи муштараки вакилонро назорат мекард, маъмурони амниятӣ зуд аз бино берун бурданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин тазоҳурот чанд кас захм бардоштаанд ва кушта ҳам шудаанд. Шумораи кушташудагон чор нафар гуфта мешавад.

Президенти тоазинтихоби Амрико Ҷо Байден ин ҳодисаро «шӯриш» унвон кардааст. Трамп аз тарафдоронаш хостааст, ки тазоҳуротро идома диҳанд, аммо бо роҳи осоишта.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here