Субҳи имрӯз, 10-уми июн, гуруҳи 150-нафараи шаҳрвандон, ҷабрдидагони фаъолияти кории адвокат Бузургмеҳр Ёров бо шиорҳо дар назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва намояндагии Созмони Милали Муттаҳид ҷамъ омада, ҷуброни зарари моддиашон ва озод нашудани ӯро талаб карданд.

Ин ҷамъомад дар пайи дархости чор созмон — Freedom Now, Lawyers for Lawyers, Hogan Lovells US LLP ва DLA Piper UK LLP, ки таҳқиқи парвандаи Ёровро талаб мекарданд, сурат гирифт.

Ба қавли шоҳидони ҳол, дар намояндагии Иттиҳоди Аврупо ба зарардидагон ваъда додаанд, ки дар баргардонидани товони зарари моддиашон ёрӣ хоҳанд кард, аз ин рӯ хоҳиш шуд, то ба манзилҳояшон баргарданд.

Шарҳи муфассал баъдтар нашр хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here