Улуғбек Урунов, роҳбари дафтари матбуот — мушовири масъалаҳои сиёсати ахбори раиси умумии “Шабкаҳои миллии барқи Ӯзбекистон”, тавсеаи ҳамкории Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаи барқро дар пешрафти ҳарду кишвар ва Осиёи Марказӣ омили муҳим арзёбӣ кард.

Вай дар тавзеҳи ин матлаб ба мухбири “Фараж” гуфт, Ӯзбекистон кишвари ягонаест, ки ба ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ марзҳои муштарак дорад. Бино ба гуфтаҳои Улуғбек Урунов пешрафти ҳаматарафаи Ӯзбекистон ғайр аз мусоидат барои фаровонии ҳаёти мардуми он  барои тараққиёт ва фаровонии соири кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аҳамияти муҳимро касб хоҳад кард. Вай афзуд, ки аз рӯи салоҳияти ҷуғрофӣ, демографӣ ва иқтисодӣ кишвараш “Қалби Осиёи Марказӣ” унвон гирифтааст.

— Мардуми Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро таърих ва қадриятҳои маънавии муштарак баҳам мепайванданд. Онҳо аз қадимулайём аз як дарё об мехӯранд, бо ҳам хешу табор шудаанд ва мисли гӯшту нохун зиндагӣ карда меоянд. Ҳарчанд забони гуфтугӯии ӯзбекону тоҷикон аз ҳам фарқ мекунанд, вале тарзи зиндагӣ ва фарҳангу суннатҳои ду халқ тавъаманд. Ба ибраи дигар, мардуми Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дӯстиву рафоқат, ҳамсоядории нек, дин, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои муштарак васл мекунанд, — изҳор кард Улуғбек Урунов.

Гуфта шуд, ки иродаи сиёсии роҳбари ҳарду давлат буд, ки ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар ба сатҳи нав баромад, дӯстии ду халқ мустаҳкам гардид. Сафарҳои давлатии президентони Ӯзбекистону Тоҷикистон ба Душанбеву Тошканд аз ҳодисаҳои муҳиму таърихӣ мебошанд, зеро беҳбуди равобити ду кишвар дар Осиёи Марказӣ барои барқарории сулҳу субот ва таъмини тараққиёт хеле заминаи мусоидат фароҳам меоварад.

Моҳи марти соли 2018-ум  9 гузаргоҳи миёни ду кишвар кушода шуд ва дар баробари роҳи васеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ суръати ҳамкорӣ дар соҳаи барқро низ вусъат бахшид. Ин дар ҳолест, ки ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо — нақлиёту коммуникатсия, саноат ва савдо, барқ дар ду даҳсолаи касби истиқлоли Ӯзбекистону Тоҷикистон хеле хароб гардид.

— Аввал робитаҳои нақлиётӣ, хусусан парвози хатисайри ҳавоии “Тошканд-Душанбе” лағв гардид, равуои мардум аз Тошканд ба водии Фарғона аз тариқи марзи Тоҷикистон мутаваққиф сохта шуд. Байни ду кишвар низоми раводид ҷорӣ гардид, минтақаҳои наздимарзӣ майнкорӣ шуданд. Ҳамаи ин масъалаи хизматрасонии шабакаҳои барқи наздимарзӣ ва зеристгоҳҳоро зери суол қарор дод, — ёдовар шуд роҳбари дафтари матбуот — мушовири масъалаҳои сиёсати ахбори раиси умумии Ҷамъияти саҳҳомии “Шабкаҳои миллии барқи Ӯзбекистон”.

Ба гуфтаи Улуғбек Урунов рӯзҳои аввали соли 2020 Тоҷикистону Ӯзбекистон эълон карданд, ки минтақаҳои майнкоришуда тоза карда шуданд. Ин хабар сокинони минтақаҳои наздимарзии ҳарду кишварро хеле шоду хурсанд кард. Оҳиста дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои барқароршуда беш аз пеш мустаҳкам гардиданд. Ҷомеаи байналмилалӣ Ӯзбекистону Тоҷикистонро ба ҳайси шарикони стратегӣ эътироф намуд.

— Бо хушҳолӣ қайд карданиам, ки  дар фазои Осиёи Марказӣ насими дигаргуниҳо ба вазидан сар кард. Иродаи сиёсии сарварони давлатҳои минтақаамон, мулоқотҳои машваратии онҳо дар беш аз пеш фаровон шудани зиндагии мардум ва шукуфоии кишварҳоямон хеле мусоидат менамоянд, — гуфт Улуғбек Урунов.

Аз соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи мувозинати захираҳои барқ ва об, таъмини истеъмолгарон бо барқӣ доимӣ, ҳамчунин ба мақсади дар фаслҳои тирамоҳу зимистон хушсифат ба кор тайёр кардани дастгоҳҳо ва ҷиҳозҳои барқ содир намудани нерӯи барқро аз сар гирифт.

— Агар инро мушаххасан бо рақамҳо ифода намоем, Ӯзбекистон аз Тоҷикистон моҳҳои апрел-сентябри соли 2018  ба миқдори 1 миллиарду 480,9 миллион кВт/соат ё муодули 29,6 миллион доллари ИМА, моҳҳои апрел-октябри соли 2019 ба миқдори 1 миллиарду 425,1 миллион кВт/соат ё муодули 28,5 миллион доллар нерӯи барқ ворид намудааст, — иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Улуғбек Урунов 2 майи соли 2020 бар асоси шартномаи миёни  ҶС “Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон” ва ШСХК “Барқи тоҷик” моҳҳои май-сентябри соли 2020 Тоҷикистон ба Ӯзбекистон мебоист дар маҷмӯъ 1 миллиарду 255 миллион кВт/соат ёки муодули 25,1 миллион доллар нерӯи барқ содир кунад, аммо моҳҳои май-июли соли равон 524,8 млн кВт/соат ёки муодули 10,5 миллион доллар (42 фоиз) нерӯи барқ интиқол дод.

— Дуруст аст, ки муҳандисони барқи ӯзбекистонӣ ва тоҷикистонӣ баъзе ҳолатҳои ба вуҷудомадаро дар ҳамкорӣ бартараф мекунанд, аммо баъзе рӯйдодҳои табиӣ ва дигаргуншавии иқлим асоратҳои худро нишон медиҳанд, — мегӯяд Улуғбек Урунов.

Ба таври мисол, мувофиқи муроҷиати расмии  Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” аз 13 июли соли равон  оби дарёи Вахш 50 дарсад кам шудааст ва дар натиҷа сатҳи оби сарбанди нерӯгоҳи барқи Норак нисбат ба соли гузашта ба 10 метр пойин рафтааст, барои ҳамин аз 16 июли соли равон Тоҷикистон ба Ӯзбекистон содири барқро муваққатан боздошт.

Мувофиқи таъкиди Улуғбек Урунов вақте ки Тоҷикистон моҳи июли соли равон тавассути хати 500 кВ-ӣ содири барқро мутаваққиф сохт, аз рӯи шабакаҳои ҳавоии 220 киловатӣ дар вилояти Сурхондарё аз Тоҷикистон ба зеристгоҳҳои “Гулча” ва “Деҳнав”, аз Ӯзбекистон ба зеристгоҳи “Суғд” амалиёти расонидани  нерӯи барқ ба амал бароварда мешавад. Аз аввали моҳ мувофиқи ин нақша ба Ӯзбекистон ба ивази 26,3 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

— Дар айни замон дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ аз тарафи ҶС “Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон” лоиҳаи инвеститсионии “Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор намудани хати барқи интиқолдиҳандаи 500 киловатаи Ғузор-Регар(л-507) татбиқ мегардад.  Бар асоси банди 5.2-и протоколи комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ҳадафи татбиқи лоиҳаи мазкур  аз он иборат аст, ки сохторҳои барқи Ӯзбекистону Тоҷикистон зимни кори музовӣ нерӯи барқи эътимоднокро таъмин карда тавонанд, — гуфт Улуғбек Урунов..

Гуфта мешавад, ки арзиши умумии ин лоиҳа 25 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Дар чаҳорчӯби он як қисми хати 63 километрии интиқолдиҳандаи барқи 500 киловатии Ғузор-Регар дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон бозсозӣ мешавад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here