Маҳфили навбатии  журналистикаи иқтисодии “Тавозун” ба мавзӯи “Марҳилаи якуми ташаккулёбии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” бахшида шудааст, ки феълан дар толори Маркази тадқиқоти стратегии  назди президенти ҶТ идома дорад.

Дастандаркорони мизи гирд ҳадаф аз баргузории маҳфилро бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли бюҷети миёнамуҳлати давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими молиявии амалигардонии сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат арзёбӣ мекунанд.

Коршиносони маҳаллӣ оид ба банақшагирии стратегӣ Лола Қудусова ва идораи молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинов, Соҳибсултон Нағзибекова аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мутахассиси Сарраёсати бюҷетикунонии Вазорати молияи Тоҷикистон Абубакр Назаров дар мизи гирд иштирок намуда, ба суолҳои рӯзноманигорон ҷавоб хоҳанд дод.

Дар ҷамъомад намояндагони Маркази тадқиқоти стратегӣ, роҳбарони қисматҳои барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, таҳлилгарон, коршиносони соҳаи молияву иқтисод, роҳбарони ВАО-и давлатӣ ва мустақил ширкат доранд ва ҳамчунин иштироки намояндагони Парламенти кишвар дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Тавозун” бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” бо маблағузории Вазорати Рушби байналмилалии Британияи Кабир (DFID)ва дастгирии Институти “Ҷамъияти Кушода”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Добавить комментарий