Бо ташаббуси Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ дар мавзӯи «Вусъат бахшидани ҳамоҳангсозии байни идоравии мақомоти масъул дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва омори ҳаётӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон» баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур вакилони Маҷлиси намояндагон ва намояндагони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок карданд. 

Муовини раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ дар баромади худ иброз намуд, ки: «коҳиш ёфтани шумораи никоҳ, зиёд шудани шумораи оилаҳои ба таври расмӣ ба қайд гирифтанашуда, қасдан ба таъхир андохтани фарзанддоршавӣ, ё афзудани шумораи оилаҳои камфарзанд, афзоиш ёфтани таваллуди фарзандони ғайриқонунӣ ва ба таври ихтиёрӣ даст кашидан аз фарзанддорӣ ба чашм мерасанд”.

Ҳамзамон, ӯ қайд намуд, ки тӯли солҳои охир, иттилои расмӣ динамикаи мусбии устувори нишондиҳандаҳои ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, талоқ, таваллуд, фавт, махсусан фавти навзодон, кӯдакон ва модаронро нишон медиҳад.

Омилҳои камшавии бақайдгирии таваллуд ва зиёдшавии бақайдгирии фавт дар Тоҷикистон дар соли 2017 нисбат ба соли 2016  ба назар мерасанд. Афзоиши табиии аҳолӣ тибқи иттилои пешакӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2017 нисбат ба ҳамин  давраи соли 2017 ба андозаи 4,3 фоиз кам шуда, 89,3 ҳазор нафар, ё ба 1000 нафар аҳолӣ 20,5 нафар рост омадааст. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here