Дар саҳифаи Фейсбук зери чанд акс аз ҳамоише, ки дар Академияи илмҳои ҶТ бахшида ба Бедил баргузор шуда буд, баҳсҳои гарм сурАт гирифтанд ва аз ҷониби як корбар, ки дар акс ӯ ҳам будааст, Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ бо бадтарин шева тавҳин карда шуд.  

Аксбардор Дидор Саъдуллоев аз рафти ин ҳамоиш чанд аксе мунташир кард, ки ҷавонон дар ҳолати хоб, ё машғул ба телефон буданд. Дар зершарҳи ин аксҳо ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Фатҳуллоев, ки дар он ҳамоиш будаасту ба бозии шатранҷ машғул шудааст, Бедилро тавҳин ва дӯстдорони каломашро таҳқир кардааст.

Инак, Академияи илмҳои ҶТ расман хабар дод, «ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Фатҳуллоев, ки яке аз бузургтарин намояндагони илму адаби тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедилро дашном дода буд, аввалан аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар барои ин кирдори нобахшиданиаш узр хоста, сипас дар таърихи 8-уми декабри соли 2017 бо хоҳиши худ тибқи моддаи 41–уми Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор рафт».

Маълум нест, ки қазия бо ҳамин ба охир мерасад, ё Фозил Фатҳуллоев ба дунболи амали охираш даст ба чӣ иқдоме хоҳад зад. Ё Академияи илмҳо бо ҳамин қаноат мекунаду таҳқиру тавҳини Бедилро бо як узрхоҳӣ ва аз кор рафтан ҷуброншуда меҳисобад?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here