Минбаъд дар насаб истифода намудани пасвандҳои – ов, — ова, — ев , — ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои — овна, — евна, — ович, — евич пурра манъ карда мешавад. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, гирифта шуд.

Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳоким Холиқзода  баромад намуда, иброз намуданд, ки бо мақсади дастгирии раванди сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» имтиёзҳои андозӣ нисбат ба иҷрои кор ва хизматрасонии намояндаи фармоишгар – Консортсиуми «Tractebel Engineering S.A.» ва зерпудратчиёни Консортсиум пешбинӣ гардидааст.

Дар баробари ин, бо мақсади рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис» ва ба роҳ мондани истеҳсоли моли воридотивазкунанда, воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъингардида ва таҳвили минбаъдаи техника ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли ҷамъият аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Масъалаи дуюми рӯзнома- Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2»-ро ба вакилони мардумӣ муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидов муаррифи намуда изҳор доштанд, ки мақсади асосии Созишнома ин ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, коркарди партовҳои сахти маишӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, бартарафсозии таъсири экологӣ ба шаҳрвандон ва беҳтар намудани вазъи санитарию экологии ҳудуди шаҳри Хуҷанд мебошад.

Созишномаи грантии мазкур ба маблағи умумии  2, 5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид карда шуд, ки мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур дар амал ҷорӣ  намудани номгузории фарзандон дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ мебошад, ки минбаъд пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар насаб истифода намудани пасвандҳои – ов, — ова, — ев , — ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои — овна, — евна, — ович, — евич пурра манъ карда мешавад.

Мақсади таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино»-ро  вакили Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода пеш аз ҳама бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва рӯшди соҳаи кино арзёби намуд.

Бо ҳамин тартиб вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи ниҳойии рӯзнома- лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб намудани вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон Ситамурод қарори дахлдор қабул намуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here