Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба журналисти варзида, бародари хуб ва дӯсти наздик Хилватшоҳи Маҳмуд нисбати даргузашти нобаҳангоми модари бузургворашон таслият арз мекунад. Хонаи охирати модар ободу рӯҳашон шод бод.

Чанд пеш ин модари азиз зодрӯз доштанд ва Хилватшоҳи Маҳмуд дар саҳифаи фейсбуки худ аз 70-солагишон хабар додаву ин сатрҳоро навишта буданд:

Ҳафт рӯз кӯшидам, то чанд ҳарфе бароят бинависам. Шояд ҳафт дафъа дар як рӯз ва дар ин ҳафт рӯз ҳафтборӣ…, дар маҷмӯъ 49 бор ва ё аз он бештар кӯшиши навиштан кардам…

Аммо ҷузъ ин ки бинависам, “модарҷон, дӯстат медорам”, чизе дигар натавонистам иншо намоям.

Шояд ин ҳама бузургиву порсоият, меҳрубониву меҳрат, бӯйи накҳатат, ки атри меҳрбор дораду ба қалби бемадорам ҷон мебахшад, садди роҳам гардиданду он ҳамаро натавонистам ба тасвир бикашам?

Модар!

Кӯҳи ғурурам!

Модар!

Мояи ифтихорам!

Модар!

Чашмаи умрам!

Модар!

Буду набудам!

Модар- ҳастиям, ҷаҳонам, умедам, зиндагиам…, оре, ин ҳамаи ман, туӣ, модар!

Китоби умрам, ки ҳоло пушти сарам аст ва бархе аз сафҳаҳои он то имрӯз варақгардон нашуда, аз ту оғоз мешаванд, бале маҳз аз вуҷуди ту ва аз сахои ту.

Ёд надорам (ва ҳам дар ихтиёри ман набуд, ки ёд дошта бошам), ки ба пайроҳаи мушкилу пур аз шебу фарози зиндагӣ қадам ниҳодед. Бо падари бузургворам 56 сол қабл аз ин аҳди ҳамсарӣ бастеду хона бунёд кардед, инак беш аз ним асру бештар аз он ҳамроҳу ҳамсафару ҳамхонаву ҳамдилу ҳамрозу ҳамаламед.

Ҳосили ин, 12 фарзанди баркамол (ҳоло 10 нафар дар қайди ҳаёт) ҳастем. Ҳар кадоме соҳиби хонаву дар, зиндагӣ ва кору бори худ.

Ҳанӯз 45 сол пеш, вақте ки ҳатто 25 сол ҳам надоштӣ, маро ба дунё овардӣ. Манеро, ки фарзанди панҷуми хонаводаи шумоам. Хурд будам, агар худсарӣ мекардаму саркашиву беқарорӣ, мегуфтӣ, ки “ин қабл аз таваллуд ҳам ҳамин тур буд”. Ҳоло сарфаҳм меравам, ки чаро чунин мегуфтӣ…

Рӯзи аввали ба мактаб рафтанамро ҳам хуб дар хотир дорам. Бароям аз матоъи бахмал ҷузвдони махсус, ки онро “пофка” мегуфтанд, дӯхта будӣ. Ҳоло аз ин ки бори нахуст ба дабистон рафтам ва чаро модар бароям “пофка” дӯхт, 38 сол сипарӣ мешавад. Ин ҳама сол фикр мекардам, меандишадам ва дарк кардам: ҷузвдонҳои мактабӣ, ки дар мағоза мефурӯхтанд, барои ман бори вазнин будааст. Китфу бозуи беқуввати ман шояд онро бардошта наметавонистанд. Охир, ман хеле кӯчак будам ва миёни ҳама ҳамсинфон аз ҳама қадпасту лоғартар. Дили модари ғамгусор бароям сӯзиш кардаву ӯ бароям василаи сабук муҳайё кардааст…!

Эҳ, чӣ қадр бузургӣ, Модар!

Хатми мактабро низ хуб дар ёд дорам. Ҳамон вақт дасти эъҷозкоратро болои сарам гузоштиву зери лаб гуфтӣ: ”Кӣ бовар мекард, ки ту, туи майдаак мактабро тамом мекунӣ?”. Ва аз ин ҳодиса 28 сол гузашт.

Ҳоло фаҳмидам, ки фақат Модар бовар дошта, ки ба ин рӯз мерасам. Дарк кардам, ки барои чӣ. Аммо ин ҳама пеши худам мемонад ва дар зудтарин фурсат (дар дидори навбатӣ) бароят хоҳам гуфт, Модарҷон!

Дарвоқеъ, бузургворӣ!

Вақте нооромӣ дар кишвар шурӯъ шуд, аввалин касе будӣ, ки хат навиштиву маро аз шаҳр ба деҳа хондӣ. Гуфтӣ, ки зуд баргард. Донишгоҳ дар нимароҳ монд, зеро соли чоруми таҳсил дар пойтахт идома дошт. Ҳарфатро ба замин нагузоштам, зуд баргаштам. Баргаштам, то паҳлӯят бошам, то азоби ҳиҷрон накашӣ. Аз он рӯзҳо 25 сол сипарӣ шуд.

Ҳоло дарк кардам, ки чаро ин қадар зиёд мехостӣ паҳлӯят бошам. Бале, намехостӣ аз мову ман зиндаҷудоят кунанд.

Азизи диламӣ, Модарҷон!

Инро ҳам фаромӯш накардаам (ҳуқуқи фаромӯш кардан надорам, охир)… Вақте шароити баргаштан ба шаҳр каму беш мусоид шуд, аввалин касе будӣ, ки гуфтӣ: “Бирав, писарам. Таҳсилатро идома бидеҳ. Ту, охир аввалин касе аз деҳа ҳастӣ, ки университет дохил шудӣ ва бояд аввалин нафари хатмкардаи ин донишгоҳ бошӣ”.

Хеле хомӯш мондам. Сипас, изҳор доштам, ки “модарҷон, ман омӯзгорам, ҳоло маоши чандсолаамро надоданд, роҳкиро надорам”. Лаҳзае ҳам нагузашт, ки аз ҷомадони зери кӯрапҳои хона қуттиеро берун кашидӣ. Сараввал дуруст мутаваҷҷеҳ нашудам, ки дар дохили он чӣ аст. Онро аз дастат гирифтаму кушодам.

Боз ҳайратам бештар шуд, зеро дар дохили қуттӣ нишони тиллоии “Қаҳрамонмодар”, ки онро аз Маскав бо амри роҳбари давлат (СССР-ИҶШС) бароят дода буданд, маҳфуз буд. Гуфтам, ки бо ин чӣ мехоҳед?

Бо як оҳанги ба худат хосу меҳрубонии самимӣ гуфтед, ки “бачам, ина қатит шаҳр бубар . Фурӯшу харҷи роҳат, сарфи зиндагиат кун”…

Аз кадом некиат бигӯям, Модарҷон?!

Ҳоло пушаймонам, ки чаро медалро гирифтам, аммо он шабу рӯз нагирифта ҳам наметавонистам…, агар не мегуфтам, ин ҳама пайроҳаи паймуда нопаймуда мемонд. Шояд…, ҳамин тур…

Ҳар вақте деҳа меравам, дар канори ту оромиш пайдо мекунам. Ҳаловати зиндагиро, тароват, зебоии умру инсони хушбахт буданро эҳсос мекунам.

Вақте шаҳр меоиву меҳмони чандрӯзаи кулбаи хоксоронаам мешавед, худро дар осмонҳо тасаввур мекунам. Ҳар қадр солам меравад, ҳамон қадр бо ту будан ва дар канори ту буданро бештар орзу мекунам. Мехоҳам боз аз нав кӯдак бошаму доманатро сар надиҳам. Аз паят сари замин биравам, ҷуякҳои полезатро хабар бигирам, лаби танӯр бинишинам, аз нони гармат бичашам, ба чашмони меҳрборат дуру дароз нигоҳ кунам…

Дӯстат медорам, МОДАР!

Бубахш, ки боз ҳам натавонистам ҳама ҳарфи диламро бигӯям ва дар рӯзи мавлудат беҳтарин суханҳоро гуфта бошам.

70-солагиат муборак, МОДАРҶОН!!!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here