Ин суханонро ҳозирини маҳфили шеъри форсию фаронсавӣ, ки дар сафорати Фаронса дар Душанбе баргузор гардид, миёни ҳам ва ошкоро ба унвони сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар иброз медоштанд.

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар миқёси ҷумҳурӣ рӯзи 5-уми октябр таҷлил мегардад,  дар сафорати Фаронса дар Душанбе маҳфили шеъри тоҷикию фаронсавӣ баргузор гардид.

Дар ин шоми шеър, ки бегоҳи рӯзи гузашта, 4-уми октябр, сурат гирифт, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, шоирони саршиноси тоҷик Гулрухсор Сафиева, Зулфия Атоӣ, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Раънои Мубориз, шоираи ҷавону боистеъдод Адибаи Азиз аз чакидаҳои хомаи хеш қироат намуданд. Ҳамчунин, бархе аз донишҷӯёни бахши забони фаронсавии донишкадаҳои кишвар бо иштирокашон дар маҳфил ҳусни тоза зам намуданд.

Сафири Фаронса хонум Ясмин Гуедар ҳозиринро ба базми шеъру суруд хайрамақдам гуфта, иброз дошт, баргузории чунин маҳфилҳо имкон медиҳанд, ки робитаҳои фарҳанги ду кишвари ба ҳам дӯст Тоҷикистону Фаронса боз ҳам тақвият ёбанд ва мардумони онро муттаҳидтар намояд.

Маҳфили шеър хеле тоҷикона, озодона ва дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ беш аз ду соат идома ёфт. Меҳмонон болои кӯрпачаҳои зебои тоҷикӣ бароҳат нишаста, аз шеъри тоҷикию фаронсавӣ ҳаловат мебурданд. Бинои сафорат ҳам ба ин муносибат хеле зебо ва афсонавӣ оро дода шуда буд, ки аз санъати баланди зебопарастии дастандаркорон дарки олии шеъри тоҷикию фаронсавии онҳо гувоҳӣ медод.

Ровии хушсалиқа Ортиқи Қодир бо қироати шеърҳои пурмуҳтаво ва баландмазмуни шоирони классику муосири тоҷик руҳу хотири меҳмонони хориҷӣ ва ҳамватанони кишварро болида сохт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here