Тарофаҳои “Ҳамааш дохил аст М” ва “Ҳамааш дохил аст L” байни муштариёни “МегаФон” дар Тоҷикистон хеле маъмул гардиданд. Дар нимсолаи ахир афзоиши теъдоди муштариёне, ки бастаҳои М-ро пайваст намудаанд, 257%, теъдоди муштариёни пайвастнамудаи бастаи L бошад 134%-ро ташкил додааст.

Сабаби болоравии маъруфияти тарофаҳои силсилаи “Ҳамааш дохил аст” – тағйирёбии марҳилавии шартҳои онҳо бар фоидаи муштариён ба ҳисоб меравад. Бахусус, дар доираи бастаҳои M ва L ҳаҷми трафики интернет ду баробар зиёд карда шуда, дар баробари ин, пардохти абонентӣ пешина боқӣ монд.

Айни замон дар доираи тарофаи “Ҳамааш дохил аст М” бастаи хизматрасониҳо 400 дақиқа ба ҳамаи самтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 400 SMS ва 800 Мб интернет-трафикро дар бар мегирад.

Дар доираи тарофаи “Ҳамааш дохил аст L” муштарӣ 500 дақиқа ба ҳамаи самтҳои Тоҷикистон, 500 SMS ва 1 000 мегабайт трафики интернетро ба даст меорад. Муштариён имкон доранд, ки тамоми ҳаҷми трафикро бо суръати бемаҳдуд дар дилхоҳ вақти мувофиқ истифода намоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here