Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Ҳисор таркиш ба амал омадааст, ки боиси ҷароҳат бардоштани 10 нафар шудааст.

1-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 15:30, дар тарабхонаи “Шоми Қалъа”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ балони гази моеъ таркидааст. Дар натиҷа 10 нафар коргари тарабхонаи мазкур ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ҳолати саломатии онҳо мӯътадил гуфта мешавад.

Дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here