Вайрон гардидани Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ боиси аз мақомот рондани онҳо хоҳад шуд, зеро ба зудӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 12-уми март ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагонро баргузор намуд, ки дар он лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзои Шӯро таъкид намуданд, ки мувофиқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 15, қисми 2-и қонуни мазкур бо мазмуни зерин илова ворид карда шавад:

«Вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим асоси қатъ гаштани фаъолияти хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ мегардад».

Дар Шӯро ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here