4-уми сентябри соли равон, ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии хатсайри №960 самти «Хуҷанд-Москва» аз бағоҷи дастии шаҳрванд Д.Н. як адад сиккаи рангаш нуқраӣ дарёфт гардидааст.

Дар як тарафи ин сикка (танга)-и рангаш нуқраӣ навиштаҷоти «Б.М. Павел II М II И Само Д-Все Росс», дар тарафи дуюмаш «Моната рубл 1796 года» ҳаккокӣ шудааст. Маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар медиҳад, ки ин нафар мехост, онро ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барад.

Мувофиқи хулосаи ташхиси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сиккаи нуқраранг дорои арзишҳои таърихию фарҳангӣ буда, бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдор интиқоли он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ мебошад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати шаҳрванд Д.Н. бо моддаҳои 32 қисми 3, 289 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд исрол карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here