Бо доир кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-сола ва марди 47-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо дастгир карда шуданд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо метали тилло ва тангаҳои атиқа пайдо шудаанд. Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №8/13 аз 8-уми январи соли 2018 металҳои мусодирашуда 200 грамм хокаи тилло, 194,55 грамм пораҳои баргмонанди тилло ва тангаҳо 5 адад сиккаҳои фулузии “Николай-II” будаанд.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here