Паҳншавии коронавируси нави COVID-19 дар назар аст, то тобистон боқӣ монад, чун феълан паҳншавии вирус ба авҷи аъло нарасидааст, аммо дар ин фасл ба анҷом хоҳад расид. Инфексияшиноси аршади Агентии федералии тиббиву биологии Русия Владимир Никифоров дар барномаи “Док-ток”-и шабакаи аввали телевизиони ин кишвар аз ин хусус паём дод, хабар медиҳад  ОИР “Новости”.

Никифоров ба он бовар аст , ки авҷи паҳншавӣ то миёнаҳои ҳафтаи дигар, то 8-10-уми апрел идома мекунад. Одатан густариши вирус дар давоми вақти муаяйн ба амал омада, баъдан рӯ ба таназзул мениҳад, ки ин раванд низ 10-12 ҳафтаро талаб мекунад.

Аз рӯйи омори охирини СҶТ дар тамоми ҷаҳон 820 ҳазор нафар сироят ёфта,  40 ҳазор фавтидаанд. Дар Русия шумораи умумии беморон 2777 нафар ташкил додааст, ки аз 75 минтақаи ин кишвар ҳастанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here