Соли ҷорӣ  бо ташаббуси агентии рекламавии “Тайрон” ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон”  бори шашум лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид. Тӯли шаш сол ин Лоиҳа дар байни соҳибкорони ватанӣ нуфуз ва эътибори баландро пайдо карда дар он зиёда аз 150 корхонаву ширкатҳои ватанӣ иштирок намудаанд. 

Дастандаркорон мегӯянд, ки лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» дар заминаи сиёсати иқтисодии президент Эмомалӣ Раҳмон  роҳандозӣ гардида, мақсади он дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби маҳсулоти  онҳо  дар кишвар ва берун аз он мебошад.

Имсол дар озмун аз рӯи  25 номинатсия қувваозмоӣ шуд. Қариб 30 ҳазор тоҷикистонӣ барои тамғаи писандидаи хеш тавассути  сомонаи   tajikistantimes.com  райъ доданд. Ҳамчунин тариқи суҳбат бо истеъмолкунандагон  дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳо пурсишҳо гузаронида шуданд.

Рӯзҳои 1, 2, 3, 4 майи соли равон дар МД “Кохи Борбад”  дар доираи Лоиҳаи мазкур намоиш-фурӯши маҳсулоти зиёда аз 30 корхонаи  истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазорату  идораҳои  давлатӣ,  Палатаи савдо ва саноат,  корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳо, ВАО иштирок хоҳанд намуд. Дар намоишгоҳ корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо,муассисаҳои хизматгузор, истеҳсолкунандагони  маҳсулоти хӯрока намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд.

Онҳое, ки ба намоишгоҳ-фуруш ташриф меоранд, имконият доранд  маҳсулоти писандидаашро чашанд ва дар арафаи моҳи шарифи Рамазон  бо нархи дастрас онҳоро харидорӣ намоянд.

Маросими ботантаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” рӯзи  4-уми май, соати 17.00 дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Ридженси Душанбе» баргузор мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here