Хонандаи мактаб дар Кӯлоб бо истифода аз интернет ба тамаъҷӯӣ машғул буд, ки дар вақти талаби 1000 сомонӣ бар ивази як амал дар «Инстаграм» боздошт шудааст.

Ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, хонандаи синфи 10-уми гимназия, дар телефони мобилиаш дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” саҳифа кушода, бо мақсади тамаъҷӯӣ, яъне ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда, аз одамон маблағ меситонидааст.

Аз ҷумла, 16-уми январи соли 2018, ноболиғи мазкур дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” акси зани 20-солаи сокини шаҳри Душанберо ҷой карда, аз дӯстдоштааш, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, барои пок кардани он ва сабтҳои беобрӯкунанда 1000 сомонӣ тамаъ кардааст. Зоҳиран, мард барои беобрӯ нашудан ба ин пешниҳод розӣ шудааст ва милитсияро низ аз ҳодиса огоҳ кардааст. Ҳамин тавр, ин ноболиғи тамаъҷӯ ҳангоми гирифтани 1000 сомонӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here