Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 29-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ҳамчун гумонбар дар тамаъҷӯӣ дастгир намудаанд.
Ба навиштаи сомонаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ, номбурда бо марди 25-солаи сокини шаҳри мазкур муносибати ошиқона дошта, бо таҳдиди он, ки дар назди аҳли оилааш алоқаи ҷинсиашро бо ӯ фош мекунад, бо роҳи тамаъҷӯӣ 1500 сомонӣ талаб намудааст.
Ҳангоми гирифтани 1500 сомонӣ зани номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.