Субҳи имрӯз файласуфи маъруф, муҳаққиқи фарзонаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, академик Мӯсо Диноршоев дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.

Мӯсо Диноршоев 7-уми ноябри соли 1934 дар деҳаи Арзинги ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) таваллуд шудааст. Солҳои 1949-1954 донишҷӯи Омӯзишгоҳи педагогии Орҷонкидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ва дар як вақт муаллими мактаби 7-солаи ҳамин ноҳия ва (солҳои 1954-1959), донишҷӯи факултети таъриху  филологияи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд.

Марҳум тӯли фаъолият дар вазифаҳои ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон, муаллим, муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Душанбе, ходими  хурди илмии шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон, мудири бахши таърихи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон, сармуҳаррири «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» ва аз соли 1988 мудири шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон кор кардааст.

Академик Мӯсо Диноршоев ҳангоми фаъолияти илмӣ мактаби бузурги фалсафиро бо дарназардошти дастгирӣ ва интиқоди шогирдонаш эҷод намудааст.   Ӯ на фақат шогирдони зиёдеро ба воя расондааст, балки мактаби таҳқиқии худро дар бахши фалсафа таъсис намуд, ки намояндагони ин мактаби таҳқиқӣ дар навбати худ имрӯз ба тарбияи шогирдон дар донишгоҳҳою пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба тарбияву иршоди насли наврас машғуланд.

Мӯсо Диноршоев беш аз 20 нафар номзадҳо ва 23 нафар докторони илмро ба воя расонид. Ӯ беш аз 20 сол раисии Шӯрои махсуси диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадӣ ва докториро ба уҳда дошт ва тайи ин солҳо даҳҳо докторону номзадҳо рисолаҳои худро дифоъ намуда, ҳоло дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он ба фаъолияти илмӣ машғуланд.

Академик Диноршоев дар таҳқиқи осори илмии мутафаккирони тоҷик, чун Абӯалӣ Сино, Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ ва дигар нобиғаҳои қуруни вусто саҳми беназир дошта, ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ осори онҳоро воқебинона мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дониши ҳаматарафа амиқу таҷрибаи тӯлонии ташкилотчигӣ ва корҳои илмии арзанда дар бахшҳои гуногуни фалсафа боиси он гардид, ки мавсуф соли 1991 узви вобаста ва соли 1994 узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб гардид. Муддатҳои зиёд устод Мӯсо Диноршоев вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳоро ба уҳда дошт.

Фаъолияти илмии Мӯсо Диноршоевро ба назар гирифта, яке аз дӯстон ва ҳамкасбони ӯ — доктори илми фалсафа, профессор, шодравон Нозирҷон Арабзода дар яке аз мақолаҳояш навишта буд: «Ба истеъдоди илмӣ, заковати ақл ва фаросати муҳаққиқии Мӯсо Диноршоев, ки дар осораш таҷассум ёфтааст, ҳамаи олимони файласуф ва донишмандони ҷомеашинос иқрор шудаанд. Аҳамияти илмӣ ва савияи олии тахассусии асарҳои ин олими машҳур аз назари донишмандони таърихи илму фарҳанг ва фалсафаи форсию арабизабон пинҳон намондааст».

Мӯсо Диноршоев муаллифи зиёда аз сад мақолаву асари илмӣ буда, тадқиқоташ асосан ба таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷик оид аст. Диноршоев дар осораш дар асоси сарчашмаҳо мавҷудияти анъанаҳои бои материалистиро дар фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷику араб собит намуда, қонунҳои пайдоишу инкишофи фалсафаи Шарқи Миёнаву наздики асрҳои миёна, инчунин намояндагони мактабу равияҳои онро мавриди тадқиқ  карор додааст. Дар эҷодиёти Диноршоев тартибу таҳияи луғатҳои дузабонаи фалсафӣ ва тарҷумаи осори фалсафи мақоми хосса дорад.

Марҳум Диноршоев барои фаъолияти пурсамар бо ордени «Шараф», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here