Мутахассисони хадамоти “Максим” чӣ гуна дар вақтҳои гуногун тағйир ёфтани миқдори фармоишҳоро дар соли 2018 таҳлил кардаанд.

Омори хадамот дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки талаботи одамон ба сафар ба рӯзҳои ҳафта ва вақт вобаста аст. Масалан, соли гузашта сокинони Тоҷикистон аз хизматрасонии таксӣ бештар дар нимаи дуюми ҳафта истифода бурдаанд. Ҳиссаи сафар дар рӯзҳои корӣ аз душанбе то панҷшанбе тахминан баробар буд: 13% аз миқдори умумӣ дар давоми як ҳафта. Дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе, ки аксарият баъди анҷоми ҳафтаи корӣ ба истироҳат мераванд, зиёда аз 15% фармоиш ворид мешуд.

Талабот ба таксӣ дар давоми рӯз низ фарқкунанда буд. Дар рӯзҳои корӣ миқдори бештари фармоишҳо дар соати 18 ворид мешуд: 6,5% аз миқдори умумӣ дар давоми як рӯз. Фаъолнокӣ танҳо баъди соати 23 коҳиш меёфт. Аз соати 1-и шаб то соати 6-и субҳ миқдори фармоишҳо аз ҳама кам буд: дар ин вақт ба таксӣ на зиёда аз 2% аз миқдори сафарҳо дар давоми як шабонарӯз фармоиш ворид мешуд.

Дар рӯзҳои истироҳат ин нишондиҳанда тамоман дигар буд. Дар субҳ одатан шиддати кор мавҷуд нест ва фаъолнокии истифодабарандагон аз соати 15 оғоз меёфт. Шиддати кор дар шом як соат фарқ дошт: ҳиссаи аз ҳама бештари фармоишҳо 7,2% соати 19 ворид мешуд. Шабона ҳиссаи фармоишҳо танҳо баъди соати яки шаб то 2% коҳиш меёфт: одамон, ба фарқ аз рӯзҳои корӣ, дар рӯзҳои истироҳат дертар ба хона бармегаштанд.

Ин омор дар асоси маълумот аз ду шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд таҳия шудааст. Он барои шахсоне, ки бо таксӣ сафар кардан мехоҳанд, метавонад муфид бошад. Дар соатҳои талаботи камтар маблағро сарфа намуда, зудтар раҳсипор шудан мумкин аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here