Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз таҷовуз ба номуси духтари ноболиғе хабар дод, ки моҳи январи соли 2019 аз ҷониби писари амакаш ба вуқуъ пайвастааст ва ахиран Суди Олии кишвар марди таҷовузгарро ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба иттилои манбаъ, судшуда Азизов Олимбой Тухтаевич аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба манзили истиқоматии писарамакаш Азизов А., сокини ноҳияи ҷамоати деҳоти А. Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав рафтааст. Номбурда аз набудани аъзоҳои оила истифода бурда, ба духтари писарамакаш ноболиғ А. Ш., соли таваллудаш 6-уми октябри соли 2005, дастдарозӣ кардааст. Судшуда Олимбой Азизов бо истифода аз ҳолати оҷизии духтар, ӯро ба дохили ҳуҷраи хоб дароварда, маҷбуран алоқаи ҷинсӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Азизов О.Т. амалҳои ҷинояткоронаашро идома дода, 23-юми январи 2019 низ, бо мақсади қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ, ба манзили амакаш рафтааст ва ин навбат ҳам аз набудани волидони ноболиғ истифода бурда, дар пешдолони манзили истиқоматӣ бори дуюм маҷбуран бо духтарамакаш алоқи ҷинсӣ кардааст. Дар ҳар ду ҳолат ҳам таҷовузгар ба ноболиғ таҳдид кардааст, ки агар ба касе хабар диҳад, ӯро мекушад.

Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбати Азизов О.Т. бо моддаҳои 138 қисми 3 «а» ва 120 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, пас аз анҷоми тафтишот, ба Суди Олӣ фиристодааст.

Суди Олии Тоҷикистон Азизовро бо моддаҳои 138 қисми 3 банди «а» ва 120 КҶ ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати 18 сол, ба адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт, ҳукм кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here