Таҷлили ҷашни Наврӯз дар сафорати Афғонистон дар Душанбе сабаби ба ҳам омадани афғонҳои зиёди муқими Тоҷикистон гардид. Дар ин маросим ҳамчунин намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти дастии афғонӣ, аз қабили қолину маҳсулоти заргарӣ ба роҳ монда шуд.

Сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳири Ағбар ҷашни Наврӯзро “намояндаи фарҳанг ва инсоният” унвон карда, онро ба ҷамъи ҳозирин муборакбод гуфт. Ҷаноби Ағбар бо хушҳолӣ арз кард, ки ҷашни Наврӯзи бостонӣ бо сайъ ва талоши ин ҳавзаи тамаддунӣ тавонистааст ҷаҳонӣ шавад, ки ин ифтихор барои тамоми мардумони ҳавза мебошад.

Дар ҷашни Наврӯз муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷаноби Мирвайс Ноб, ҳунарманди маъруф Фаҳим Фано ва чанд тан аз мақомоти баландпояи Афғонистон ширкат доштанд.

Ҳамчунин, чеҳраҳои дигари шинохтаи Афғонистон Шафиқ Айёр, ки солҳо боз шаҳрванди Амрико асту феълан дар Душанбе қарор дорад, дар ин ҷашн иштирок ва суханронӣ кард.

Тибқи иттилоъ, дар Тоҷикистон наздик ба 6,5 ҳазор шаҳрванди Афғонистон ҳамчун паноҳанда, донишҷӯ ва соҳибкори инфиродӣ зиндагӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here