Ҳамасола мардуми Фаронса 14-уми июлро ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварашон таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат дар сар то сари минтақаҳои аҳолинишини Фаронса ва сафоратхонаҳои он дар кишварҳои хориҷ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир карда мешаванд.
Бо ташаббуси сафири давлати Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии ин кишвар дар Душанбе чорабинии бошукуҳе баргузор гардид. Дар чорабинӣ, ки шоми 12-уми июл дар боғи барҳавои меҳмонхонаи «Серена» доир шуд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Маҳфили сатҳи баланди давлатӣ бо садо додани суруди миллии ҳарду кишвари бо ҳам дӯсту бародар ва шарики стратегӣ Тоҷикистону Фаронса оғоз гардид. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хонум сафир Ясмин Гуэдар ва дар симои ӯ тамоми мардуми Фаронсаро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварашон табрику таҳният гуфт. Хонум сафир, ки забони шевои тоҷикӣ сухан мегуфт, тамоми хозиринро хайрамақдам гуфта, барояшон саломатию хушбахтӣ орзу намуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар Душанбе, аҳли илму фарҳанг ва адаби тоҷик, ҳамчунин рӯзноманигорон ширкат доштанд, ки дар инъикоси он саҳм гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол аз Рӯзи Истиқлолияти давлатии Фаронса 230 сол сипарӣ мегардад ва он ба инқилоби мардумии Фаронса ва тасарруфи Қалъаи Бастилия — 14-уми июли соли 1789 рост меояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here