14 майи соли 2019 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 дар мавзуи «Таҳлили системаи иттилоотии тандурустӣ: гузашта, ҳозир ва оянда» баргузор мегардад, ки  иштироки аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндагони бахши шаҳрвандӣ ва шарикони тиҷоратӣ дар назар аст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар соҳаи навсозии технологияҳои муосир инкишоф меёбад. Бояд қайд кард, ки пешрафти кишвари мо аз сатҳи баланди рушди иқтисодӣ вобаста аст. Асри 21 на танҳо асри  технологияҳои компютерӣ, балки инкишоф ва фаъолгардонии «шаҳрҳои доно», технологияи блоки технологӣ, чопи узвҳои инсонӣ дар 3D принтерҳо ва телетиб, инчунин марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани интелекти сунъӣ дар тамоми соҳаҳои рушди кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Рушди технологияҳои муосир, таҷҳизоти муосири электронӣ ва мобилӣ, интиқоли таъмини барномавӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ ва ҷорӣ намудани саривақтии навовариҳои технологӣ яке аз афзалиятҳои ҳар як кишвар ба ҳисоб рафта, ин омил кафолати рушд ва пешрафти ҷомеа хоҳад буд.

Баҳри тақвиятбахшии рушди бемайлони кишварамон аз ҷониби Ҳукумат ва махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳо дар ин самт, яъне заминаи зарурии меъёрию ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани инноватсия ва рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» аз 30 майи соли 2015, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди инноватсионӣ барои давраи то соли 2020», Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012-2020), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии иттилоотӣ — технологияи коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Тартиби талаботи ягона барои сомонаҳо ва шабакаҳои ҳисоббарорӣ локалӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатгузории электронӣ”,  Барномаи рушди инноватсионӣ барои солҳои 2011-2020.

Айни замон, бо мақсади бо суръати тез ва самарабахшии гузариши иқтисодёт ба шаклҳои рақамӣ, зарур аст, то донишҳои соҳаи технологияҳои ноу-хау, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро васеъ  намуд ва ҳамкориро бо намояндагони бахши хусусӣ  инишоф дод, зеро ин равиши кор, яъне   формати рақамӣ  имкон медиҳад, ки ба аҳолӣ ба таври фаврӣ ва босамар  хизмат расонида шуда, қоидаҳоо он содда ва мӯҳлати ин хидматҳо кутоҳтар мегардад, ки метавонад боиси кам шудани хароҷоти маъмурӣ вобаста ба пешниҳоди онҳо ва пастшавии коррупсия  гардад. Дар ин самт нақши шарикони рушд хеле бузург аст, ки фаъолнокии инноватсияро ба иқтисодиёти кишвар бо мақсади баланд бардоштани самаранокии он мусоидат менамояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иқдом намудааст, ки тавассути таҳия ва татбиқи системаҳои иттилоотии тиббӣ, барномаҳои маҳсулотӣ, замимаҳои мобилӣ, автоматикунонии фаъолияти сохторҳои тобеӣ ва худи вазорат бо ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ, технологияи муосир ва ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ ба ҳадаф бирасад.

Моҳи декабри соли 2018 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ва ҳамкориро бо ширкати ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест», ки ҳадаф ва вазифаҳояш ҷорӣ намудани навовариҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути ҷорӣ намудани идораи электронии рақамии тиббӣ ва ҳуҷҷатгузории электронӣ мебошад, ба имзо гузоштанд. ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» як узви гурӯҳи корӣ оид ба рушди Консепсияи иқтисодии рақамии Ҷумхурии Точикистон мебошад, ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар амал мекунад.

Ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкат имкон медиҳанд, ки Системаи ягонаи миллии тиббии электронӣ, рушди рақамикунонии тиббӣ  ва ба ин васила ба телетибби оянда дар чаҳорчӯбаи модули ҳамкории шарикии давлат ва бахши хусусӣ  замина гузошта шавад.

Ширкати Сифат Иннотех Инвест маҳсулоти худро дар асоси омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта, ки табадуллотро ба давлати саноатӣ ва рақамӣ паси сар кардаанд, истеҳсол менамояд ва бо коршиносони беҳтарини кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Мақсад ва вазифаҳои ширкат ҷорӣ намудани навовариҳо ва рушди технологияҳо барои расонидани кӯмак ба мақомоти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти стратегӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ширкати “Сифат Иннотех Инвест” дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи тандурустии шахри Душанбе қаблан  лоиҳаи тибби рақамӣ ва ҷорӣ намудани системаи ягонаи иттилоотии тиббиро бо 4 дарачаи хизматрасонии аҳолӣ дар дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳия ва татбиқ намуданд, ки аз ҷониби табибони дармонгоҳҳо дар махзани иттилоотӣ барои  зиёда аз 280 000 нафар маълумот ворид карда шудааст, ки  оянда  дар қатори сокинони дигари  пойтахт ва кишвар дастрасӣ ба кортҳои электронии тиббӣ ва амбулаторӣ доранд ва минбаъд метавонанд хизматрасониҳои электронии давлатиро дар соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гиранд.

«Новобаста аз он, ки Лоиҳа ба ҳалли вазифаҳои муассисаҳои тиббӣ равона шудааст,  инчунин метавонад  рушди илмҳои тиббӣ, омор ва доираҳои академии тибби тоҷикро таъмин намояд. Тибқи Лоиҳа бо истифода аз  маълумоти мавҷуда оид ба солимии аҳолӣ, имкон дорад, ки буҷети давлатиро дуруст таҳлил ва тартиб дод, пешгӯӣ кард, маблағҳои давлатиро, ки ба саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, оқилона истифода намуд.»,- мегуяд Манижа Муҳаммад директори ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест»

Дар назар аст, ки дар ин чорабинӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Олимзода Н.Х., муовинони вазир Умарзода С.Г. ва М. Камолзода, коршиносони пешбари вазорат ва ТУТ бо рунамоии ташаббусҳои глобалӣ ва нақшаҳои миллӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани тибби рақамӣ  баромад намоянд.

Лаҳзаи ҷолиб ва хотирмон он аст, ки дар чорабинии болозикр  муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон О.А. Абишев роҷеъ ба таҷрибаи Қазоқистон дар рақамисозии тандурустӣ, ки  солҳои охир хеле муваффақанд ва боиси таваҷҷуҳи Вазорати тандурустии Тоҷикистон  нисбати таҷрибаи Қазоқистон дар соҳаи рақамисозии тиббӣ барои рушди минбаъдаи саноатии соҳаи тандурустии Тоҷикистон хеле муҳим аст, суханронӣ хоҳад намуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here