Имрӯз муовини вазири фарҳанг, ректори чанд донишгоҳ, директори чанд пажӯҳишгоҳи АИ ва директору муовинони директори Маркази тадқиқоти стратегӣ аз вазифа озод карда шуданд ва ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъйин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Ибодулло Раҳмон бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми вазири фарҳанг, Насредин Исматулло аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷӣ, Шоҳиён Абдусаттор аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Салим Носирҷон Юсуфзода аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Қодирзода Диловар Баҳриддин аз вазифаи ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, Муҳиддинов Зайниддин Қамарович аз вазифаи директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳо, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо, Акрами Зикриё Иномзод аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши Академияи илмҳо, Мирзораҳимов Акобир Каримович аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳо (ҳамаи инҳо бо сабаби ба кори дигар гузаштан), Наврӯзшоев Довутшо бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳо озод гардида, ваколати директори Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич бо сабаби вафоташ қатъгардида ҳисобида шуд.

Бо амри президент Х. Худобердӣ аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент, Сайфуллои Сафар Саъдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент ва Муминова Фарида Маҳмудовна аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент озод гардиданд.

Ҳамчуини, А.А.Зарифзода аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Бо фармони президент Қодирзода Д.Б. директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, Шоҳиён А. муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, Насредин И. сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъйин шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумат Н.Ю. Салимӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Б.Ғ.Бобозода директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳо, А.М.Сафаров директори Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳо, Фарҳод Шокир директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳо, Н.К. Убайдулло директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳо, М.А. Назар директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳо, Ҳ.С. Қаландариён директори Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳо, Г.Хуҷамзода директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи илмҳо, О.О.Назаров муовини якуми вазири фарҳанг, Ф.С.Обидов ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Н.У.Ғаффорӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here