Президенти Тоҷикистон бо фармон ва қарорҳои худ ҳайати нави Ҳукуматро таъйин кард, ки аксари вазиру раисҳо дар вазифаҳои худ монданд, аммо чанд вазорату кумита роҳбарони худро иваз карданд.

Аз навмансабгирифтаҳо Матлубахон Сатториён муовини сарвазир, Сулаймон Зиёзода вазири кишоварзӣ, Ширин Амонзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нав, Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои об буданд, ки дирӯз таъйин шуданд.

Ҳамин тавр, ҳайати нави Ҳукумат иборат аз Қоҳир Расулзода сарвазир, Давлаталӣ Саид муовини якуми сарвазир, Давлатшо Гулмаҳмадзода муовини сарвазир, Матлубахон Сатториён муовини сарвазир, Усмоналӣ Усмонзода муовини сарвазир, Музаффар Ашӯриён вазири адлия, Сулаймон Зиёзода вазири кишоварзӣ, Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ, Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷӣ, Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илм, Ширин Амонзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Файзиддин Қаҳҳорзода  вазири молия, Шералӣ Мирзо вазири мудофиа, Азим Иброҳим вазири нақлиёт,

Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдо, Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нав, Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Зулфия Давлатзода вазири фарҳанг, Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои об, Саймуъмин Ятимов раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ориф Хоҷазода раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Фаррух Ҳамрализода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here