10-уми март аз тарафи намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ, дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” нишасти нақшавии корӣ дар масъалаи вокуниш ба муқобили коронавируси навъи COVID-19 баргузор гардид, ки то 12-уми март идома мекунад.

Дар кори нишаст кормандони Вазорати тандурустӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байнанмилалӣ иштирок намуда, масоили марбут ба коронавирусро таҳлилу баррасӣ карданд.

Муовини вазири тандурустии кишвар Мирҳаммуддин Камолзода дар ҷараёни суханрониаш гуфт, айни ҳол бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Тоҷикистон дар назди ҳамаи сохторҳои ҷумҳурӣ ситоди махсус  ташкил шудааст.

— Ҳамаи тадбирҳо барои пешгирии коронавирус  дар кишвар андешида шудаанд, — таъкид намуд Мирҳамуддин Камолзода. – Аз 1-уми феврал то 9-уми марти соли ҷорӣ 1566 нафар шаҳрванде, ки аз кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Тоҷикистон омаданд, ба қарантин фаро гирифта шудаанд.

Дар идомаи нишаст дар бораи паҳлуҳои гуногуни марбут ба коронавирус, маърузаҳо шунида шуд.

То кунун коронавирус ба беш аз 113 кишвари дунё паҳн шудааст. Дар Чин суръати паҳншавии коронавирус коҳиш ёфта, дар маркази хуруҷи беморӣ — Вуҳан бо сабаби шифо ёфтани маризони мубтало ба коронавирус беморхонаҳои муваққатӣ баста гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here