Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12-уми октябр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад.

Роҳбари давлати Ӯзбекистон сарвари Тоҷикистонро ба муносибати пирӯзии комил дар интихоботи 11-уми октябр муборакбод намуда, ба вай дар фаъолият барои фаровонии мардуми тоҷик ва равнақи ин кишвар комёбиҳо таманно кардааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, дар ҷараёни мулоқоти телефонӣ масъалаҳои муҳими марбут ба беш аз пеш мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ низ баррасӣ шудаанд.

Зимнан, аҳамияти иҷрои саривақтии тавофуқҳои байни сарони ду давлат, татбиқи қарорҳои Комиссияҳои байниҳукуматӣ, ҳамчунин, таҳияи рӯзномаи нави ҳамоиши ояндаи мулоқотҳо дар сатҳи олӣ таъкид гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқоти телефонӣ сарони ду давлат перомуни масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ низ табодули назар кардаанд.

Президентҳо бо қаноатмандӣ изҳороти муштараки президентҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таҳаввулоти ахири Ҷумҳурии Қирғизистон қабулкардаро ба таври хос қайд кардаанд.

Дар поёни ин мулоқоти телефонӣ тазаккур ёфтааст, ки ҳарду ҷониб азми қавӣ доранд ҳамкориҳои дарозмуддат ва васеъро дар байни Ӯзбекистону Тоҷикистон рушду ривоҷ хоҳанд дод.

Суҳбат чун ҳамеша самимона, озод ва дӯстона сурат гирифтааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here