Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо паёми телевизионӣ мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфт. Вай дар паёми худ қайд кард, ки парчам рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.

Ӯ аз таърихи қабули Парчами давлатӣ, ки 25 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид, ёд карда гуфт, ки вакилони мардумӣ бо дарки аҳаммият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Дар идома Сардори давлат изҳор намуд, ки 24 ноябри соли 2009 мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ бори нахуст ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карданд.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардумро ба ин рӯз табрик гуфта, иброз дошт, ки бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here