«Дарсоли 2017 аз Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ягон нафар ба гуруҳҳои тундрав шомил нашудааст. Онҳо ба ин амал вақт намеёбанд». Ин нуктаро ректори ДДТТ Гулзода Маҳмадшоҳ дирӯз, 24-уми январ дар нишасти хабарӣ бо намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар бо қатъият иброз дошт.

Номбурда инчунин гуфт, ҳамасола дар донишгоҳ чанд чорабинии тарбиявӣ доир карда мешавад, ки барои пешгирӣ аз шомилшавии донишҷӯён ба ҳар гуна созмону ҳаракатҳои тундрав мусоидат мекунад.

— Росташро гӯям, дар ДДТТ донишҷӯ вақт надорад, ки ба ҳар кори беҳуда даст занад. Аз тарафи донишгоҳ ҳама шароитҳо барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён муҳайё карда шудааст. Ҳамзамон майдонҳои варзишӣ ва озмоишгоҳи марказии илмӣ-татқиқотӣ вуҷуд доранд, ки донишҷӯён баъд аз дарс сафарбар мегарданд ва рафтори онҳо низ аз тарафи бахши тарбиявии донишгоҳ қатъиян зери назорат қарор дорад.  Ногуфта намонад, дар назди ҳайати омӯзгорон ва профессорони донишгоҳ вазифа гузошта шудааст, ки 10 дақиқаи аввали дарс бо суҳбату фаҳмондадиҳӣ оид ба тартибу низом ва корҳои тарбиявӣ ҷудо карда шавад, — гуфт Гулзода.

Айни замон, теъдоди умумии муҳассилин 11103 нафар аст, ки 9573 нафари онҳоро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили 2017-2018 ба курси якуми донишгоҳ 1818 нафар қабул карда шудаанд, ки аз ин шумора 384 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here