Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон табибон аз бадани тифли 11-моҳа 16 сӯзан пайдо карданд. Ин сӯзанҳо наздики 1 моҳ дар ҷисми кӯдак будаанд. Дар ин бора намояндаи Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ба расонаҳо хабар дод.

Ба навиштаи расонаҳо, ин сӯзанҳо замоне пайдо шуданд, ки модари тифл ба табибон муроҷиат кард ва ӯро ташхис гузаронданд. Ин тифл дар Маркази ҷумҳуриявии илмии кумаки тиббӣ дар шаҳри Тошканд ҷарроҳӣ шудааст.

Ҷарроҳӣ 9 соат давом кардааст ва табибон аз бадани тифл 13 сӯзанро берун оварданд. Бо назардошти синну соли ӯ, табибон тасмим гирифтанд, ки се сӯзани боқимондаро баъдтар берун оранд.

Профессор Ҳабибулло Акимов, роҳбари шуъбаи кӯдаконаи бемористон, гуфтааст, аз он ҷо ки сӯзанҳо дар ҳар ҷои бадани тифл ҷойгир буданд, мешавад хулоса кард, ки ӯ ин сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст. Мақомот таҳқиқи ҳодисаи мазкурро шурӯъ кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here