Табиби шахсии президенти нахустини Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар бораи вазъияти пешазмаргии ӯ қисса кард.

Табиби шахсии перезиденти собиқи Ӯзбекистон Вячеслав Аваков дар арафаи 80-солагии ҷашни мавлуди Ислом Каримов бо хабарнигори ОИ ӮзА суҳбат карда, оид ба вазъияти саломатии ӯ дар даврони ҳурмронияш нақл кардааст.

Пизишк Аваков  нақл мекунад: “Ман бо президент охирҳои соли 1992 шинос шудам, дар он давра хеле боқувват буд ва ҳатто ҳамроҳаш духтури доимӣ низ гирифта намегашт. Мо ӯро барои муолиҷа ва ташхиси пайваста маҷбур карда наметавонистем, зеро намехост ва рад мекард. Барои саломатии ӯро бардавом нигоҳ доштан Каримовро ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул кардем. Президент пас аз машғул шудан ба давидан ва тенниси бузург тамоман вазъияташ хуб шуд ва варзишро тарк накард. Ӯ боқувват ва ба дард тобовар буд”.

Инчунин, пизишки шахсии президенти  собиқи   Ӯзбекистон гуфта аст, ки ”26 августи 2016 ҳангоми якҷоя ҷашн гирифтани  зодрӯзи Татяна Акбаровна,  соати 9-и шаб Ислом Абдуғаниевич аз кор баргашт ва якҷоя дар гирди миз ҷамъ шуда шӯхӣ мекардем. Вазъияти ӯ хуб буд, аммо рӯзи баъд хабар омад, ки саломатияш бад шудааст”.

Нахустпрезиденти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов 2-юми сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ даргузашт.

Нуралӣ Карим

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here